Тортиля бо ӯшт ва лӯбиё

/ 5
233 Ккал / 100 г
30 дақ
Тортиля бо ӯшт ва лӯбиё

Компонентхо

8 порс
Лӯбиёи сурх дар соуси помидори "Чили"2 б.
Тортиляи мексикоӣ8 дона
Гӯшти қима600 г.
Пиёз2 дона
Сметана 20%100 г.
Шарбати лайм2 қ.о.
Зираи кӯфта1 қ.ч.
Паприкаи кӯфта 1/2 қ.ч.
Сирпиёз2 дона
Пиёзи сабз3 хуша
Равғани растанӣ4 қ.о.
Намак мувофиқи табъ

Тайёрӣ

1. Пиёз ва сирпиёзро пӯст ва реза кунед. Дар дег, 2 қ.о. равғанро гарм кунед, пиёз ва сирпиёзро 3 дақиқа бирён кунед. Гӯшти қимаро илова карда, пайваста омехта карда, бо қошуқи чӯбин лӯндаҳоро кӯбед, 7 дақиқа.
2. Намак, зира , паприка ва шарбати лаймро илова кунед. Хуб омехта кунед. Аз оташ гиред ва ба як косаи калон андозед.
3. Дар як тобаи алоҳида, равғани боқимондаро гарм кунед, лӯбиёро дар якҷоягӣ бо соус илова кунед. Дар гармии миёна пазед, баъзан омехта кунед, 3 дақиқа.
4. Лӯбиёро ба коса бо гӯшти қимаи омода гузоред ва хуб омехта кунед. Намакашро чашед, агар лозим бошад, намак кунед.
5. Пиёзи сабзро бишӯед, хушк кунед ва ба ҳалқаҳои тунук буред. Тортиляҳоро дар тобаи хушк ва тафсон 30 сония аз ҳар тараф бирён кунед. Онҳоро аз як тараф сметана молед ва ҳалқаҳои пиёзро пошед.
6. Пуркунандаи гӯштии омодаро ба чалпакҳо молед ва ба шакли рулет ё лифофа печонед. Ҳамчун газаки гарм бо сметана ё йогурти табиӣ ҳамчун соус ба дастархон кашед.
Барои он ки пуркунанда ширадор шавад, гӯшти қимаро бо чарбу гиред. Чарбу пас аз бирён кардан хушк шудани гӯшти қимаро пешгирӣ мекунад.

Ба рецепт баҳо диҳед

1
2
3
4
5

Дигар дорухатҳо дар ин гурӯҳ

Инчунин дар сомона