Рататуй – хӯроки сабзавотӣ аз Нитса

  • 60 min
  • осон
  • 4

Суръати истифодабаранда
1 Ситора2 Ситора3 Ситора4 Ситора5 Ситора (1 овоз, миёна: 1.00 аз 5)
Loading...Loading...

Дастури тайёркунии рататуй - хӯроки сабзавотӣ, ки дар тамоми ҷаҳон машҳур мебошад.

Рататуй аслан аз шаҳри Нитса мебошад. Асоси ин хӯрокро сабзавот ташкил мекунад: бодинҷон, помидор, таррак, тсукини ва ҳар гуна қаламфурҳо. Рататуйро метавон чун хӯроки асосӣ ва ё чун хӯриши иштиҳооваранда пешниҳод кард.

Ингредиент, ҷузъ

  • 1 килограмм помидори расида
  • 2 дона қаламфури гуногунранг
  • 1 дона бодинҷони калон
  • 1 қошуқи хӯрокхӯрӣ намак
  • ¾ стакан равғани зайтун
  • 1 дона таррак
  • 1 дона тсукини
  • 2 дона бехпиёзи калон
  • 3 дандоначаи калони саримсоқ
  • 100 мл шароби софи арғувонӣ
  • 3-4 дона шохчаи тару тозаи сесанбар
  • 5 қошуқи хӯрокхӯрӣ ҷаъфарии резакардаи тару тоза
  • 5 қошуқи хӯрокхӯрӣ райҳони резакардаи тару тоза
  • мурчи навкӯфта
  • шираи 1 дона лимӯ

тайёрӣ кардан

  • Бодинҷонҳоро шуста тоза кунед ва ба шакли мукааб реза кунед.
  • Ба рӯи онҳо намак пошед ва то 25 дақиқа ба элак бимонед, то ки хушк шаванд.
  • Пӯсти помидорҳоро тоза кунед. Баъдан онҳоро ба чор ҳисса бурида, тухмии онҳоро ҷудо кунед.
  • Бехпиёз, таррак, тсукини ва қаламфурҳоро ба шакли мукааб реза кунед.
  • Равғанро дар тобаи калон тафсонед, таррак ва тсукиниро илова карда, дар давоми 4-6 дақиқа бирён кунед. Рехта дурдаашонро ҷудо кунед ва ба хурмачаи алоҳида гузоред. 2 қошуқ равғани тозаро ба тоба резед ва қаламфурҳоро дар давоми 5 дақиқа бирён кунед. Сипас, онҳоро ба хурмача бо дигар сабзавотҳо гузоред.
  • Бодинҷонро шуста тоза кунед, ва хушк карда, дар 3-4 қошуқ равғани тафсон бирён кунед. Ба сӯхтани ӯ роҳ надоданро фаромӯш накунед. Вақте ки бодинҷон баъд аз 6-8 дақиқа андаке тиллоранг ва мулоим мегардад, онро ба хурмача бо дигар сабзавотҳо гузоред.
  • 3 қошуқ равғанро ба даруни тоба резед, акнун бехпиёз ва саримсоқи майдакардаро сурх кунед, баъдан боз шароб андозед ва то он гоҳе, ки бухор мешавад, мунтазир шавед. Сипас, 2 қошуқи хӯрокхӯрӣ ҷаъфарӣ, сесанбар ва помидорҳоро илова кунед. Дар олави паст 8-12 дақиқа пазонед.
  • Баъд аз он тамоми сабзавотро илова кунед, ва ҳамаи онро дар давоми 12 дақиқа дар олави паст пазонед. Вақте ки сабзавотҳо мулоим шуданд, онҳоро аз оташ гирифта ба ҷои дигар монед. Пас онҳоро бо ҷаъфарӣ ва 4 қошуқ райҳон дурустакак омехта кунед.
  • Ба ҳамааш намак, мурч, шираи навафшурдаи лимӯ ва боқимондаи райҳонро ҳамроҳ кунед.
Ороиш: Метавонед, ин хӯрокро гарм ё ин ки хунук кашида, пешниҳод кунед. Якҷоя бо пастаи навтайёркардашуда ва ё бо багети ғарчос бисёр олӣ мебошад.

, , , , , ,