• eating

Зебоӣ дар табақи шумо

зебо

Дохил кардани сабзавот, ба ҳар як хӯроки шумо, фикри аҷоиб мебошад. Тару тоза, ях кунондашуда, консерв кардашуда - ҳамаи онҳо барои шумо бисёр хуб мебошанд.

Танҳо бар манфиати шумо

Дохил кардани сабзавот ба вояи хӯроки худ ё ин ки зиёд намудани истеъмоли ҳаррӯзаи он – беҳтарин амалест, ки шумо метавонед бар фоидаи худ ба ҷо оред. Тановули сабзавоти бисёр дар як рӯз на танҳо сабук ва табиист, балки андом ва ҳиссиёти шуморо хеле беҳтар мекунад. Хастагӣ, мондагӣ ва хашмгинӣ дигар озор намедиҳанд. Бо ҳисси боғайратона аз хоб бедор шавед ва худро баъд аз ҳар як тановули хӯрок хушнуд ҳис кунед. Ба пӯсти хира ва халтаи таги чашм хайру хуш бигӯед. Ва ба ҷои ин, мӯйҳои зебо, пӯсти дурахшон ва табассуми пурнурро, ки ҳамааш ба туфайли сабзавот мебошад, пешвоз бигиред. Ҳалли ин масъала бевосита дар табақи шумо мебошад.

Зебоӣ дар табақи шумо

Бигзор сабзавот ғамхорӣ шумо шавад

Интихоби сабзавот – барои парастории худ ва таъмини болатофати андом ва ҳиссиёт, услуби бисёр хуб мебошад. Ҳамон тавре ки шумо ба нақлиёти гаронбаҳои худ сӯзишвории аълосифат пур мекунед, ҳамон тавр бояд ғизои аълосифат интихоб кард, то ки тан ва ақли шумо бояду шояд кор бикунанд.

Сабзавоти дӯстдоштаатонро аз байни гуногунрангии тоза ва зебои он дарёфт намоед, ва кӯшиш кунед, ки бо он сабзавот таомҳои хеле зебо биофаред, то ки худро хушнуд ва хушбахт ҳис бикунед. Бигзор онҳо маҳсули мӯъҷизавор бошанд ва ба зудӣ ҳамаи натиҷа ва фоидаҳоро мебинед.

Истифодаи сабзавот, дар эҷод кардани таомҳои намудаш ниҳоят зебо, ба шумо кӯмак низ хоҳанд кард. Шумо ҳам метавонед онҳоро дар офаридани ороиши зебо ба таомҳои худ истифода баред, то ки ба ҳиссиёти хушнудӣ ва хушбахтӣ расидан, ба шумо натиҷа бахшанд.

, ,