• eating

Ҷуворимакка – сабзавоти бе глютен

зебо

Қаблан ҷуворимакка танҳо дар Амрикои Шимоливу Ҷанубӣ маъруф буд. Ба туфайли таъми лазизу арзиши ғизоии баландаш, ин растанӣ тамоми дунёро фатҳ кард. Хуб, ин донаҳои хурд-хурди тиллоӣ чи хосият ва арзише дар таркиб доранд?

“Тиллои ҳиндуҳо”, тарзе ки ҷуворимаккаро ном мебаранд, миқдори зиёди витаминҳои гуруҳи В, витаминҳои А, D, E, K, кислотаи фолиевӣ ва ҳамчунин минералҳои фоиданок: фосфор, калий, калтсий, магний, селен, кобалт, йод ва бромро дар таркибаш дорад.

Ҷуворимакка – антиоксиданти пуриқтидорест

Селен ва витамини Е хатари пайдошавии саратонро кам мегардонанд. Селен дар такриби энзим, ки силуҳои мембранҳо ва силуҳои қирмизи хунро аз таъсири марговари радикалҳои озод ҳифз мекунанд, шомил мешавад. Ин монеи пайдошавии силуҳои саратонӣ дар узвҳо ва бофтаҳо мегардад. Бар илова, селен дар тақвияти системаи масуният нақши муҳимеро мебозад. Агар ҳамарӯза миқдори лозимии селенро дарёфт кунем, пас организми мо чандин маротиба тавлиди силуҳои сафеди хуниро бештар мегардонад. Яке аз дигар ҳиссаҳои бебаҳои ҷуворимакка – лютеин – моддаи аз гуруҳи каротиноидҳост, ки ба ҷуворимакка  ранги тиллоӣ эҳдо мекунад. Лютеин мушакҳои чашмро қавӣ мегардонад ва хусусияти антиоксидантӣ дорад.

Corn for a healthy heart

Ҷуворимакка барои қалби солим

Дар таркиби ҷуворимакка миқдори зиёди калий мавҷуд аст, ки ба мушакҳои қалб таъсири муфид мерасонанд. Таҳқиқотҳо собит кардаанд, афроде, ки дар рӯйхати ғизоии ҳаррӯзаашон маҳсулоти дорои калий мавҷуд аст, фишори хуни чунин афрод тақрибан муътадил хоҳад буд ва набзи қалбашон низ дуруст хоҳад буд. Гузашта аз ин, тановули мунтазами ҷуворимакка миқдори холестеринро кам мегардонад. Ба он хотир ки дар таркиби ҷуворимакка нахи мунҳалкунанда мавҷуд аст, ки ҳалқаҳои холестириниро ба худ ҷазб мекунанд ва барои аз организм хориҷ кардани онҳо кӯмак мерасонанд.

Ғизои бе глютен 

На ҳама медонанд, ки ҷуворимаккаро афроди ба ин растанӣ аллергия дошта ва онҳое ҳам, ки аз глютен парҳез доранд, метавонанд истеъмол кунанд. Маҳсулоти дорои глютен, амсоли орд, ярма, поға ва равғанро метавон бо “ҳамтоҳои” ҷуворимаккаашон иваз кард.

, , , , , ,