• eating

Ранги сабзавот чӣ аҳамият дорад?

зебо

Вобаста ба рангашон сабзавот витаминҳои мухталиф, минералҳо ва моддаҳои ғизоии гуногун дар таркиб доранд. Роҳнамоии кутоҳе ба дунёи рангҳо пешниҳод менамоем.

Рангдиҳандаҳоро метавон ба чаҳор гуруҳи асосӣ (вобаста ба таркиби кимиёвии онҳо) тақсим намуд:

  • Хлорофиллҳо
  • Каротиноидҳо
  • Беталаинҳо
  • флавоноидҳо

Хлорофилл

Хлорофилл – ин пигменти сабз дар таркиби растаниҳост. Ба туфайли он ва рушноии офтоб дар барги гиёҳҳо ҷараёни фотосинтез ба вуҷуд меояд. Хлорофилл ҳамчунин масъули нашъу намои гиёҳон аст. Пай бурдан осон аст, ки барои фаъолияти дурусти организми мо низ ин рангдиҳанда аҳамияти зиёд дорад. Хлорофилл антиоксиданти ҷолибест, хосияти зидди илтиҳобӣ дорад ва барои офияти зудҳангоми захми буридагӣ мусоидат мекунад. Ба ҷуз аз ин сифатҳо, ин модда сатҳи магнияро боло мебарад, ба хун кӯмак мекунад, ки ҳамаи силуҳо (клетки) ва бофтаҳоро бо оксиген таъмин намояд, хосияти зидди-антеросклеротикӣ дорад. Хлорофилл ҳамчун моддаи зиддикантсерогенӣ фаъолият мекунад ва узвҳои моро аз токсинҳо ва таъсири дувумдараҷаи доруҳо ҳифз менамояд.

Каротиноидҳо

Каротиноидҳо ба чанде аз сабзавот, буттамеваҳо, меваҳо ва гулҳо ранги норинҷӣ-офтобӣ мебахшад. Бета-каротин, ликопин, ксантофилл, лютеин ва зеаксантин – аз намояндагони боарзиштари гуруҳи каротиноидҳо ба шумор мераванд. Дар организми инсон каротиноидҳо ду амали асосиро ба иҷро мерасонанд. Аввалан, аз он ҷо ки онҳо антиоксидантҳои ҷолибеанд, радикалҳои озодро безарар мегардонанд ва пайдоиши чандин бемориҳои онкологиро пешгирӣ мекунанд. Сониян, каротиноидҳо фаъолияти муътадили чашмро ҳифз карда, хатари пайдоиши бемориҳои чашм, амсоли фасоди доғи зард, катаракта ва ҷудошавии шабакияро пойин мебаранд. Таҳқиқотҳои бешуморе собит мекунанд, ки ин рангдиҳандаҳо ҳамчунин барои офиятбехшии бемориҳои дилу рагҳои хунгард нақши бузурге доранд.

Vegetable color

Беталаинҳо

Беталаинҳо нисбат ба ду гуруҳи аввал рангдиҳандаҳои маъруфе нестанд. Онҳо дар таркиби шумори каме аз гиёҳҳо мавҷуданд, ки ранги зард, норинҷӣ, сурх ва бунафш мебахшанд. Афзалияти дармонбахшии ин гуруҳи рангдиҳандаҳо асосан марбут ба хосияти антиоксидантии онҳост. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати дар организми инсон вайрон шудани тавозун байни радикалҳои озод (оксидантҳо) ва антиоксидантҳо (антиокислител), беталаинҳо зиёни узвҳои даруниро кам мегардонанд. Гузашта аз ин, ин гуруҳи рангдиҳандаҳо бо бартараф кардани хатари радикалҳои озод дар организм, чарбгирии силуҳо (клетки)-ро пойин меоранд.

Флавоноидҳо

Флавоноидҳо барои қисми зиёди гиёҳҳо, гулҳо, сабзавот, меваҳо ва буттамеваҳо рангдиҳандаҳои асосӣ ба шумор мераванд. Онҳо рангҳои мухталиф эҳдо мекунанд: аз зард то кабуд. Флавоноидҳо маъмултарин антосианҳо-моддаҳое ба шумор мераванд, ки таркиби биологиашон бо рагҳои хунгард ва системаи гардиши хун робита доранд. Маъмул аст, ки флавоноидҳо ба тақвияти девораҳои рагҳои хунгард мусоидат мекунанд ва фаъолияти антитромбогении онҳоро меафзоянд. Ин гуруҳи рангдиҳандаҳо ба гардиши хун дар миокарда таъсири мусбат мерасонанд. Борҳо шудааст, ки ин таркиботро ба ҳайси доруи алтернативӣ барои муолиҷаи дардҳои қалбӣ истифода мекунанд. Ахиран муҳаққиқон хосияти антиоксидантии флавоноидҳоро зикр карданд ва истифодаи онҳоро ба ҳайси антиоксидантҳои табиӣ тавсия доданд. Флавоноидҳо ҳамчунин метавонанд металҳои вазнинро ба ҳам биоранд ва онҳоро аз организми инсон хориҷ созанд.

, , , , , , , ,