• eating

Неруи бузурги қорчҳо

зебо

Қорч серғизотар аз онест, ки бисёриҳо фикр мекунанд. Ин на танҳо ингридиенти хушмаззаи бисёре аз хӯришҳост, балки яке аз он маҳсулоти фоиданокест, ки шумо дар умри худ тановул кардаед.

Олимон тасдиқ мекунанд, ки қорч метавонад ба саломатии мо таъсири боварнакардании муфид расонад. Сафедаи бо арзиш, карбогидратҳо ва равғани растании осон ҳалшаванда – аз сохторҳои асосии қорч аст. Ҳамчунин витаминҳои D, B ва минералҳои фосфор, калий, оҳан, мис ва селен дар таркиби қорч мавҷуд аст.

Сарчашмаи табиии витамини D

Витамини D барои он масъул аст, ки узвҳои мо аз хун сари вақт калтсий ва фосфор дарёфт кунанд. Ба туфайли ин витамин устухонҳои мо солим ва қавӣ мешаванд, хатари пайдошавии заъфи мушакҳо, остеопороз ва бемориҳои ба ин монанд кам мегардад. Сарчашмаи асосии витамини D барои мо – нурҳои офтоб ҳастанд. Аз ҳамин хотир тирамоҳу зимистон, ки нурҳои офтоб коҳиш меёбанд, тановули қорч хеле муҳим аст. Зеро, дар 100 грам қорч 4% меъёри рӯзонаи витамини D мавҷуд аст.

Stop Heart Disease

“Нест бод!” бемориҳои қалбӣ

Қорчҳо ба системаи дилу рагҳои хунгард таъсири мусбат доранд, аз он хотир ки онҳо сатҳи холестирин дар хунро кам мекунанд. Таҳқиқотҳои лабараторӣ собит кардаанд, ки товастатин, моддаест ки ҷараёни истеҳсоли холестеринро кунд мегардонад. Гузашта аз ин, қорч – сарчашмаи бойи калий аст, ки барои муътадилшавии фишори хун кӯмак мекунад ва хатари сактаи мағзиву сактаи қалбиро кам мегардонад. Мис бошад системаи хунгарди моро дар ҳолати намунавӣ нигаҳ медорад.

Раҳои олии кам кардани вазн

Тавассути озмоишҳои таҷрибавӣ собит шудааст, ки парҳези қорчӣ нисбат ба дигар навъҳои парҳези арзиши ғизоии монанд ба қорч, барои бартараф кардани вазъи барзиёд таъсири бештар дорад. Ин ба туфайли хитин – бофтаи махсусе, ки дар таркиби қорч аст, ба вуҷуд меояд. Ба маҳзи дар роҳи ҳозима уфтодан, хитин меҷабад ва ба девораи меъда ҷафс шуда, ба мудати тӯлонӣ ба мо ҳиси сероӣ мебахшад. Ҳамчунин қорч калорияи хеле кам дорад ва тақрибан равған надорад.

, , , , , ,