• eating

Хӯриш дар шиша

зебо

Кабоб, пикник, ғизои сари саҳро - ин чизҳоест, ки ба хотири онҳо мо тобистонро дӯст медорем. Тавассути ин усули оддӣ ба суфраи худ рангу бори ҷаззоб бахшед.

Усули омода кардани хӯриш дар шиша:

Ворид кардани чизи наве ва ороиши ҷолибу зебои суфра хеле осон ва содда аст.

  • Барои шумо ҳамагӣ чанд дона шишаи соф лозим аст. Ҷолибтар менамояд агар шумо шишаҳои баробарҳаҷм ва якранг дошта бошед, аз ин рӯ ё қабл аз барпо кардани меҳмонӣ шиша ҷамъоварӣ кунед (шумо ҳатто метавонед шишаҳои холишудаи маҳсулоти Bonduelle-ро истифода кунед) ва ё аз мағоза шиша бихаред.
  • Шишаҳоро чанд маротиба бишуед то мутмаин шавед, ки онҳо комилан пок ҳастанд ва бӯйи номақбул надоранд.

Баъдан қадами ҷолибтарин шуруъ мешавад:

Агар шумо ингредиентҳои дорои рангҳои рушанро интихоб намоед, намои хӯриши шумо дилрабо мешавад. Шумо метавонед бо истифода аз рангҳои зиёд хӯриши рангинкамон омода кунед.

Salad in a jar

  • Ингредиентҳоро омода кунед, ба андозаҳои гуногун майда кунед, то ин ки хӯриши шумо ҷолибтар намояд.

Prepare your ingredients

 

  • Баъдан қабат ба қабат онҳоро дохили шишаҳо бигзоред.
  • Соусро дар як зарфи алоҳида дар паҳлу ва ё қабати болоии шиша бигиред, то ин ки ба поини шиша нарезад, зеро ин на он қадар хуб менамояд.

Salad with sauce

  • Ба ҷуз ин шумо метавонед шишаро мутаносибан бо мавзуи шабнишинӣ рангу бор бидиҳед.

Decorate the jars

, , , , ,