• eating

Ғизоҳои идеолӣ барои пикник ва ё лаби соҳил

зебо

Намедонед, ки барои дар соҳил истироҳат кардан бо худ чӣ ғизое бибаред? Мехоҳед ғизое наверо ба ҳангоми пикник тановул кунед? Машваратҳои мо дар ин роҳ кумакатон мекунанд.

Аз саломатии худ муроқибат кардан ва ғизои солим хӯрдан ҳатто ба ҳангоми истироҳат ва ё оромиши баъди рӯзи корӣ имконпазир аст. Таҳияи ин ғизоҳо фурсати зиёдеро талаб намекунад, аммо тамоми рӯз ба мо неру мебахшанд.

Хеле осон аст:

Тортил ва ё нони бозориро бигиред ва бо ингредиентҳои мақбулатон дохилашро пур кунед. Метавонед таркиби зерро истифода намоед:

  • Қафаси синаи мурғ, лубиёи сурхи консервшуда, пораҳои манго, пиёзи сурх;
  • Моҳии самак, сабзӣ ва пораҳои бодиринг, ҷуворимаккаи консервшуда;
  • Гӯшти мурғ ва ё ҳасиб, панири мотсарелла, помидори хушккардашуда

Всё очень просто

… ва чандин таркиби беохири дигар. Баъдан нон ва ё тортилро пӯшонед, бо фолго печонед ва дар зарфи махсус бигзоред.

Всё очень просто

Таркибҳо барои таҳияи хӯриш дар сихчаҳо:

помидор черри

  • помидори черри, гирдаи мотсареллӣ, барги райҳони тару тоза, такроран ҳамин корро кардан;
  • буридаи тарбуз, помидори черри, барги райҳони тару тоза, такроран ҳамин корро кардан;
  • буридаи озодмоҳӣ, қаламфури сурх ва ё пиёзи сабз, лиму;
  • қаламфур, кадуи сабз, пиёзи сурх

цукини

Адвияҷотро истифода баред, кабудиҳои тару тозаи бештарро ба кор баред ва сихчаҳоро дар зарфи махсус ҷо созед.

Аз ин ғизоҳои соддаи болаззат ҳамроҳ бо аҳли хонавода ва дӯстонатон ҳаловат баред.

Агар рафту либос ва ё худро доғдор сохтед, мушкиле нест – зеро дар канори баҳр ва ё дарё қарор доред ;)

Наслаждайтесь этими простыми закусками с друзьями и семьёй

, , , , , , , , , , , , , , ,