• eating

Таомҳои гурҷӣ

фоиданок

Гурҷистон - мамлакати хурде, ки ҳатто дар харита ёфтани он осон нест - пур аз хӯрокҳои фаровон, солим, болаззат, аҷиб ва нодир мебошад.


Мамлакати хурд бо одатҳои бузург

Мувофиқи як ривояти гурҷӣ… “Вақте ки Худо ба инсонҳо замин ҷудо мекард, Гурҷистониён иде ба номи “Супра” қайд мекарданд. Онҳо дер ба манзилашон баргаштанду, Худо ба онҳо гуфт, ки ба онҳо замин намондааст. Онҳо гуфтанд, ки сабаби деркунии онҳо дар он буд, ки онҳо ба номи Ў май менўшиданд. Худо хушбахт шуду ба Гурҷистониён он қисми замине, ки барои худ монда буд, дод.”

Барои ҳамин ҳам, иди гурҷӣ ба номи “Супра” ҷамъи хўрок, нўшокӣ ва рафтори нек аст. Хўрок барои Гурҷистониён на танҳо барои тановул, балки сабаби муомила бо ҳамдигар ва дарди дил кунӣ мебошад. “Тамада” шахси муҳими ин ид мебошад, ки чун роҳбар рафтор мекунаду нўшбод мегўяд, ки ин кори осон нест. “Тамада” ин нўшбодҳоро пеш аз ид тайёр мекунад. Чунин суханронӣ санъатест, ки аз байтҳои дилнишин иборат аст. Дар охири нўшбод мусиқии гурҷӣ низ хотимаи муҳим аст.

Сири дастуруламалҳои машҳур.

Ошхонаи Гурҷӣ ҷамъи хўрокҳои шарқу ғарб мебошад. Вале онҳо ба он ғизоҳои ба тамоми дунё маълум мурчу дигаргунӣ илова мекунанд, ки лаззати он дигаргун гашта онро беҳамто мекунад. Ҳар инсони бо ҳар табъ метавонад метавонед ба худ хўроке интихоб кунад, зеро дар ошхонаи Гурҷӣ хўрокҳои гўштину бе гушт, тунду талх ва бо намаку бе намак ёфтан мумкин аст.

Санбўсаи панирини Гурҷӣ

Гирҷистониён санбўсаи панирини худро доранд, ки “Хачапури” ном дорад. Барои чашидан таоми аввалини ошхонаи Гурҷӣ буда, дар ранги тиллогини он, хамири тунуки пур аз панираш, ҳатто ошпази таҷрибадор дар лаззати ин худро дошта наметавонад.

 

Сирри ошхонаи Гурҷиро кашф кунед- Чормағз

Чормағз қисми муҳими ошхонаи Гурҷи мебошад ва дар ҳама дастуруламалҳо ҳам бо гўшт ва ҳам бо сабзавот истифода мешавад. Якчанд таом мавҷуд аст, ки “Пхали” ном доранд. Онҳо бо чормағз ва алафҳои гуногуни мисли, испаноқ, кабуди ё лўбиёи сурх, барги лаблабу ва ғайра бо сирко, сир ва анор илова карда мешавад.

Якчанд намуди гўшт дар чормағз таоми лазизтарин ба ҳисоб рафта ба меҳмони олиқадр пухта мешавад. “Сатсиви”, гўшти мурғ дар чормағз, танҳо дар рўсҳои махсуси мисли, соли нав, писҳо, тўй ва ғайра пухта мешавад.

“Мтсвади”- гўшти бирён

Иди Гурҷӣ бе “Мтсвади” – гўшти хуки бирён (баъзан гўшти гов ё барра) тасаввур кардан мушкил аст. Сирри “Мтсвади” дар навдаҳои токи қоқ кардашуда мебошад, ки барои бирён кунии гўшт истифода мешавад. Онҳо ба гўшт бирён лаззат ва тамъи махсус мебахшанд.

 

Макони шароб

Ва дар охир- шароби Гурҷӣ! Гувоҳӣ аз он аст, ки Гурҷистон ватани шароб аст. Якчанд намуди шароб мавҷуд аст ва шаробкунӣ яке аз анъанаҳои махсуси фарзандони ин мамлакат аст. Кўзаҳои калон дар гил шинонда шудаанд, ки “Квеври” ном доранд. Онҳо табақҳои калон барои тайёр кунии шароб мебошанд, ки дорои атрҳои махсус ҳастанд.

Десерти Гурҷӣ

Дар ошхонаи Гурҷӣ десерт ҷои худро дорост, аммо барҷастатарин ва ягона барои Гурҷистониён “Гозинаки” мебошад. Ин десерт шакли алмос буда барои ошхонаи Гурҷӣ чун алмос ҷои худро дорост. Ў бо чормағзу асал тайёр карда шуда танҳо барои иди соли нав пухта мешавад. “Чурчхела” низ аз чормағз тайёр карда мешавад (баъзан аз бодом). Ин як риштае мебошад, ки байни чормағзҳо гузаронда шуда, дар шарбати ангур ва каме орд тар карда мешавад.