• cooking

Ҷадвали тезии қаламфур

лазиз

Чӣ гуна тезии қаламфур санҷида мешавад?

Санҷидани тезии қаламфур

Воҳиди ченкунии тезии қаламфурро сковилл меноманд. Поёни ҳудуди ин ҷадвал аз сифр сар мешавад, ки ба ин сатҳ қаламфури булғории оддӣ тааллуқ дорад. Охири ин ҷадвал бошад 1 000 000 сковиллро дар бар мегирад, ки танҳо як қаламфур аз Ҳиндустон бо номи “бҳут ҷолокиа” ба ин дараҷа ҷавобгӯ мебошад. Ин қаламфур ончунон тез аст, ки полиси Ҳиндустон онро дар гранатаҳо барои нигоҳ доштани мардуми ҷамъшуда ва мубориза зидди террористон истифода мебарад. Худи дараҷаи тезӣ вобаста ба андозае, ки он тезӣ метавон чашид, муайян карда мешавад. Сифр сковилл маънои онро дорад, ки шумо наметавонед тезиро ҳис бикунед. 1 000 000 сковилл бошад ошкорона маънои онро дорад, ки шумо бешубҳа ин дараҷаи тезиро истодагарӣ карда наметавонед.

heat of peppers

Моддаҳои кимиёвие, ки ин тезиро ба вуҷуд меоранд, одатан ҳамчун капсаитсин маълум мебошанд. Доктор Уилбур Сковилл соли 1912 баъд аз таҷрибаҳои бисёри худ тарзи ин санҷишро ба шарафи хеш номида аст. Ӯ дар панҷ таъмсанҷандаи худ, ба воситаи санҷидани ҳамаи қаламфурҳое, ки ӯ тавонист дарёфт, асосҳои авваларо таъриф карда буд. Вале онҳо на ҳамаи натиҷаҳои баландро муайян карда тавонистанд.