Ҳаррӯза сабзавот дар ошхонаи шумо

лазиз

Новобаста аз муносибати шумо ба сабзавот, ҳақиқат дар он аст, ки шумо ба мавҷудияти онҳо дар ошхонаатон эҳтиёҷ доред. Агар ба шумо тамъи онҳо маъқул нест, пас шумо маҳз ҳоло сабзавоти худро дарёфт накардаед.

Ба эҳтимоли зиёд роҳи аз ҳама ҷолиби пайдо кардани ғизоҳои нав сафар кардан аст. Аммо, чуноне, ки мо медонем, ин кор маблағ ва фурсати зиёдро талаб мекунад ва имкон ҳам надорад, ки ҳар замон савори тайёра бишавӣ. Аммо баъзан кофӣ аст, ки бозор ё мағозаи маҳаллӣ биравӣ. Маъмулан як гиёҳ аст, ки шумо онро истифода накардаед чунки чӣ гуна тайёр кардани онро намедонед. Ё сабзиҷоте ҳастанд, ки шумо дӯст намедоред, аммо вақте ки онро мепазед фикратон дар бораи он тамоман дигар мешавад. Баъзан барои кашф кардан ҷойҳои аҷибу ғариб лозим нест. Чизҳои навро метавон дар гирду атроф низ пайдо кард. Мумкин аст дар боғи модарбузурги шумо низ пайдо шаванд.

VEGETABLES-KITCHEN-(03)

Чизи дӯстдоштаатонро дарёфт намоед

Агар шумо пухтупазро, ва хусусан тайёр намудани таомҳои дар ҳақиқат лазизро дӯст доред, пас ба шумо зарур аст, ки бо олами афсонавии сабзавотҳо шинос шавед.

Агар шумо, аллакай аз сабзавот омода кардани таом ва тановули онро, дӯст медоред – ин олиҷаноб аст. Агар не – пас ба зудӣ тағйири ақида хоҳед кард.

Ҳар кас, чизе муносиб ба табъи худ, пайдо мекунад. Ҳар боре, ки имконият доред сабзавоти нав ва пештар ношиносро истифода баред, ва дере нагузашта мебинед, ки шумо ба ӯ ошиқ шудаед. Бо гуногуншаклии аҷибе, ки табиат сабзавотҳоро пешниҳод мекунад, шумо метавонед ҳамагуна таъм ва таркибро пайдо намоед. Ҳамеша ягон чизи нав пайдо мешавад, ва он гоҳе, ки шумо сабзавоти ба худ писандро меёбед, шумо ҳеҷ гоҳ дилгир намешавед, чунки тарзҳои зиёди омодасозии таомҳои сабзавотӣ мавҷуд аст. Сабзавот метавонад ҷузъи мазадиҳандаи хӯрок бошад, ё ин ки асоси комили хӯроки шумо гардад.

VEGETABLES-KITCHEN-(02)

Сабзавотро дуруст истифода баред

Сабзавот афзалияти бисёр дорад, ба мисли витаминҳо, ғизоҳои барои организм зарурӣ ва, инчунин тамъи беҳамто. Агарчи аксарияти сабзавотҳоро тайёр кардан ва нигоҳ доштан хеле осон ҳам бошад, баъзеи онҳо барои нигоҳ доштани тамъи сеҳрноки худ, аҳамияти зиёдтарро талаб менамоянд. Мо якчанд маслиҳатҳоеро омода кардем, ки ҳар як марҳалаи бо сабзавоти лазизатон саришта карданро, ба мисоли чӣ гуна тайёр кардан ва пухтан, кадом хӯришҳоро ҳамроҳ кардан, ва инчунин чӣ тавр нигоҳ доштан ва яхкунониданро, ба шумо нишон медиҳад, то ки дар вақти дилхоҳ аз сабзавот ҳаловат бубаред.

VEGETABLES-KITCHEN-(04)

, , , , ,