• cooking

Чи тавр дар кабобпаз ғизо таҳия кард?

лазиз

Бар ин назар ҳастед, ки маҳсулоти рӯйи кабобпаз таҳияшуда зиёновар аст? Иштибоҳ мекунед! Агар аз роҳнамоии содаи мо истифода намоед, ғизои рӯйи кабобпаз ва бирёншудаатон таъму лаззати якхела хоҳад дошт.

Таҳияи ғизо дар кабобпаз

Аксари вақт мешунавем, ки мегӯянд, маҳсулоти дар кабобпаз таҳияшуда зиёновар аст. Аммо мо метавонем алайҳи ин гуфтаҳо эътироз кунем, ки дар ҳоли ҳозир ва бо назардошти ҳамаи талаботу тартибот, таҳияи ғизо дар рӯи кабобпаз нисбат ба ғизои бирёншуда бартариҳои зиёд дорад. Аввалан, дар вақти рӯи кабобпаз таҳия кардани ғизо истифодаи равғани изофӣ лозим намешавад. Сониян, ҳам гӯшт ва ҳам сабзавот рӯйи кабобпаз нисбатан зудтар омода мешаванд, ин маънои онро дорад, ки минералҳо ва витаминҳои камтари онҳо аз даст меравад. Дар навбати севум бошад, қабл аз рӯи кабобпаз гузоштани маҳсулот, онро мешавад хеле хуб очорӣ (замариноват) кард, ки дар ниҳоят таъом лазати бештар мегирад. Албатта, ба ҳангоми таҳияи ғизо рӯи кабобпаз бояд дар ёд дошта бошем, ки онро шустушӯ кардан лозим аст. Мо ки қасд надорем меҳмонон ва ё аҳли оилаи худро ғизои нопок пешкаш кунем. Ҳамчунин интихоби ҳезуми муносиб барои оташ зарурист. Барои мисол, беҳтар аз ҳар чизи дигар барои таҳияи ғизо дар рӯйи кабобпаз истифодаи ангишти чубин ба маврид аст.

How to grill and roast?

Оташпаз

Оташпаз – яке аз навъҳои таҳияи ҳароратии маҳсулот аст. Одатан, барои таҳияи ин навъ ҳарорати аз 160 то 250 дараҷаи Селсий зарурат дорад. Интихоби ҳарорати муносиб аз навъи маҳсулоте, ки бояд омода шавад, вобастагӣ дорад. Барои оташпази мухталиф аз чанд дақиқа то 3-4 соат, дар вобастагӣ ба навъи маҳсулоти омодашаванда, лозим аст. Ҳарорати баланд сафеда ва крахмали таркиби маҳсулотро барои ҳазм кардан сабук мегардонад. Буридаи гӯшт, моҳӣ ва ё сабзавоте, ки бо пӯсти он тавъам аст, таъм ва лаззати мақбул ҳосил мекунад. Аммо набояд аз навъи оташпази маҳсулот суистифода кард, зеро моддаҳое ки дар натиҷаи ҳарорати баланд ҳосил мешаванд, метавонанд боиси пайдоиши бемориҳои гуногун гарданд, аз ҷумла саратон. Инро дар хотир дошта бошед ва маҳсулотро бештар аз меъёр бирён накунед.

, , , , ,