• cooking

Асрори пухтупази анъанавӣ ва пухтупази буғӣ

лазиз

Бештари вақт мо фаромӯш мекунем, ки танҳо чизе ки мепазем муҳим нест, балки тарзи пухтанамон ҳам муҳим аст. Чанд машварати муфиде ба Шумо пешниҳод мекунем, ки ба туфайли онҳо сабзавоти таҳияшуда боз ҳам муфидтар мегардад.

Маҳсулотро ба таври анъанавӣ мепазонем

Одатан барои омода кардани ин ва ё он навъи маҳусулот онро бояд ҷӯшонид. Мутаассифона, дар ҷараёни ҷӯшонидан қисми зиёд, дар бархе ҳолат ҳамаи моддаҳои фоиданоки он бухор мешаванд. Тибқи маъмул, маҳсулоти ҷӯшидашуда то 40 дарсади витамин ва минералҳои худро аз даст медиҳад. Витамини С бошад, дар ҳарорати баланд комилан аз байн меравад. Барои ҳифзи моддаҳои бештари ғизоӣ бояд маҳсулотро дар оби аллакай ҷӯшомада андохт ва даҳони зарфро пӯшонид. Ҳамзамон, бо назардошти имконият, замони ҷӯшониданро кутоҳ кард ва ба ҳеҷ ваҷҳ набояд маҳсулотро аз меъёр бештар ҷӯшонид.

Secrets of cooking and steaming

Таҳияи ғизои буғӣ

Ғизои буғпаз – шеваи содда ва муфиде аст. Фоидааш ин аст, ки маҳсулот дар ҷараёни таҳияшавӣ зери таъсири буғи гарм қарор мегиранд. Ба ин далел, онҳо таъми табиӣ, сохтор, ранги худро ҳифз мекунанд ва ҳамчунин хосияти фоиданокии худро аз даст намедиҳанд. Ғизои буғпазро метавон намак, тумчӣ ва адвияҷоти дигар напошид. Дар таркиби ғизои буғпаз калория камтар аст ва ҳазм кардани онҳо душвор нест. Боз яке аз бартариҳои ғизои буғпаз – ин сарфаи вақт ва нерӯ аст. Лозим нест, ки ҳамеша сари дег биистем ва назорат кунем, ки ҳеч чиз нарезад ва ё насӯзад. Ҳамчунин ин шеваи пухту паз таҷҳизоти зиёде талаб намекунад, як зарфи маъмулӣ ва як элаки мувофиқ кофист.

, , ,