• cooking

Хӯриши мексикоӣ

лазиз

Тарзи осони омода кардани ғизои лазизи мексикоиро бубинед - хеле осон аст! Дастурамали қадам ба қадам ва ретсепти видеоии омода кардани ғизои Мексикоӣ.

Видеоро бубинед ва ҳамроҳи мо омода кунед!

Кадуи тозашударо ба пораҳои на он қадар калон реза мекунем, онро дар зарфи пурбардошти Pyrex мегузорем, равғани зайтун мемолем ва дар тафдони тафсон мемонем. Давоми 10-15 дақиқа, гоҳ-гоҳ кофта, мепазонем.

Гӯшти говро мегирем, ду пора мекунем, адвия (приправа)-и тако бипошем ва ё тибқи хоҳиши худамон метавонем бо истифода аз пӯдинаи куҳӣ, майоран, райҳон, қаламфури сурх, зира, кашниҷ ва намак адвия омода ва истифода кунем. Аз ду тарафи гӯшт мепошем ва онро дар тоба бо равғани зайтун таф медиҳем. Барои он ки гӯшти мо каме хунук шавад, онро дар зарф мегирем.

Лаймро ду пора мекунем ва онро дар равғани аз гӯшт боқимонда таф медиҳем. Барои таф додан мо лаймро аз тарафи буридааш дар тоба мегузорем.

Лубиёи сурхи Bonduelle-ро мегирем. Обашро ҷудо месозем ва дар косаи хӯришомодакунӣ мерезем. Пиёзи сабз, кашниз ва сирпиёзро майда реза мекунем, ба лубиё омехта месозем. Ҳамчунин ҷуворимакка ва кадуи пухташударо омехта мекунем. Баъд гӯштро, ки аллакай хунук шудааст, реза мекунем ва ба хӯриш меандозем, ҳамаашро бо ҳам омехта мекунем!

Хӯриши мексикоиро бо пораи лайм рӯи дастархон гузоред.

Рӯйхати маҳсулоти лозима барои омода кардани ин ғизо:

Хӯриши мексикоӣ

, , ,