• cooking

Сотеи суриягӣ

фоиданок

Тарзи осони омода кардани ғизои лазизи суриёиро бубинед - хеле осон аст! Дастурамали қадам ба қадам ва ретсепти видеоии омода кардани ғизои Суриягӣ.

Видеоро бубинед ва ҳамроҳи мо омода кунед!

Пӯсти помидорҳоро тоза мекунем – як дарзи хӯрд мекунем ва оби ҷӯш мерезем. Помидорҳои тозашударо барои хамира шудан аз дохили сито мегузаронем. Як пораи гӯштро сирпиёз омехта мекунем ва баъдан адвия мемолем. Дар ҳаҷми зиёди равған андаке таф медиҳем. 3-4 дона дандонаи сирпиёзи майда резашуда ва як дона пиёзро майда реза карда чанд дақиқа дигар таф медиҳем. Хамираи помидорро илова мекунем, тибқи хоҳиши худамон намак мепошем, рӯи оташи на он қадар баланд 15-20 дақиқа дам медиҳем (ҳангоми зарурат метавонем каме об илова кунем).

Гӯшти мо пухтан мегирад, мо дар ин муддат картошкаро ба пораҳои калон реза мекунем ва рӯи оташи баланд таф медиҳем. Яхи лубиёи сабзи ниҳолии Bonduelle ва сабзии наврустаи Bonduelle-ро об мекунем.

Картошкаро дар зарфи пурбардошти Pyrex мегузорем, лубиё, нахуди сабз ва сабзиро низ ҳаминҷо илова мекунем. Аз болояшон гӯшт мегузорем, хамираро мерезем. Ва давоми 15 дақиқа дар тафдон мепазонем.

Аз таъми лазизу фоидаовари сотеи суриягӣ, ки тибқи дастурамали анъанавӣ суриягӣ омода шудааст, ҳаловат мебарем.

Рӯйхати маҳсулоти лозима барои омода кардани ин ғизо:

Сотеи суриягӣ

, , ,