• cooking

Рагуи аргентинӣ дар каду

фоиданок

Тарзи осони омода кардани ғизои лазизи аргентиниро бубинед - хеле осон аст! Дастурамали қадам ба қадам ва ретсепти видеоии омода кардани ғизои аргенттинӣ.

Видеоро бубинед ва ҳамроҳи мо омода кунед!


Ҷуворимаккаро дар якҷоягӣ бо наск дар зарфе мегирем. Акнун бароямон кадуи миёнаи нағз пӯхта расидагӣ лозим аст. Сари кадуро бурида бо қошуқ дила ва донаҳояшро берун мекунем. Дарун, ҷойи буридагӣ ва рӯяшро равғани маска молида барои як соат ба тафдон мегузорем. То омода шудани каду картошкаро калон-калон реза мекунем, қаланфури булғориро тунук мебурем, аллакай мо пиёзро доирашакли тунук бурида, сирпиёзро майда кардаем (куфтаем).

Помидорро аз пусташ тоза мекунем, барои ин корро анҷом додан ба рӯи помидор оби ҷӯш мерезем, акнун пӯсташ ба осонӣ мехезад. Помидорро ба шакли чоркунҷа реза мекунем. Баргҳои гашничро ҷудо мекунем. Дар тобаи чуқур равғани растанӣ рехта, пиёз, сирпиёз ва қаланфурро бирён мекунем. Ба ин ҷо картошка, помидор ва зардолуқоқро ҳамроҳ карда, бирён мекунем. Баъди панҷ дақиқа аз рӯи таъм намак меандозем. Инчунин кориандр ва зира ҳамроҳ карда, об меандозем, баъди ҷӯш омадан 5 дақиқа дам мепартоем. Рагуи омодашударо ба каду меандозем гашничро ҳам ба ин ҷо меандозем. Акнун бояд 5-7 дақиқаи дигар дам хӯрад.

Таомро дар шакли гарм пешниҳод намуда, аз рагуи кадугии ба тарзи анъанавии аргентӣ пӯхта шуда лаззат мебарем.

Рӯйхати маҳсулоти лозима барои омода кардани ин ғизо:

Рагуи аргентинӣ дар каду

, ,