• cooking

Моҳии афинӣ

мӯдшуда

Тарзи осони омода кардани ғизои лазизи юнониро бубинед - хеле осон аст! Дастурамали қадам ба қадам ва ретсепти видеоии омода кардани ғизои юнонӣ.

Видеоро бубинед ва ҳамроҳи мо омода кунед!

Қаламфури булғориро ба пораҳои калон тақсим карда дар равғани маска то мулоим шуданаш бирён мекунем. Мувофиқи хоҳиши худамон намак карда, дар тақсимча мегузорем, то равғанаш равад. Ду тухмро лат зада, панири маскагӣ илова мекунем ва лат заданро идома медиҳем, ба ин моеъ исфаноҷ (шпинат) ва ду қошуқ қаҳзак (хрен) илова намуда лат заданро идома медиҳем. Акнун навбати моҳӣ ҳам расид. Як пораи моҳиро дар рӯи тобаи ба гарми тобовар барои бирён кардан мегузорем.

Ба рӯяш моеъи исфаноҷ мерезем ва пораи дуюми моҳиро дар рӯяш мегузорем. Моҳиро дар коғази фолга печонда, барои 20 дақиқа ба тафдон мегузорем. Моҳии гармакро бо қаланфури бирён рӯи дастархон гузошта, аз таъми муфид ва серғизои моҳии усули анъанавии афинӣ омода шуда ҳаловат мебарем.

Рӯйхати маҳсулоти лозима барои омода кардани ин ғизо:

Моҳии афинӣ

, , , ,