• cooking

Лапшаи бирёни чинӣ ҳамроҳ бо сабзавот

лазиз

Тарзи осони омода кардани ғизои лазизи Чинниро бубинед - хеле осон аст! Дастурамали қадам ба қадам ва ретсепти видеоии омода кардани ғизои Чиннӣ.

ғизои Чиннӣ, лапшаи тафхӯрда бо сабзавот, ғизои лазиз, дастурамали видеоӣ!

Қаланфури булғориро майда реза мекунем. Сабзии наврустаи Bonduelle – ро тунук реза мекунем. Пиёзро ба шакли нимдоира реза мекунем. Сирпиёзро бошад хеле майда реза мекунем. Пиёзро бирён карда, сабзӣ ва қаламфур илова мекунем ва чанд дақиқаи дигар бирён мекунем. Ҳамзамон оши буридаи (туппа) осиёгӣ ё спагетти омода мекунем. Сабзавотро хуб омехта карда туппаро меандозем.

Сирпиёз ва лубиро ҳам илова мекунем. 5 дақиқаи дигар бирён карда, қайлаи соя, намак, мурчи сиёҳ ё сурх ҳамроҳ мекунем. Гармогарм рӯи дастархон мегузорем ва аз туппаи бирёни чинӣ бо сабзавот ҳаловат мебарем.

Рӯйхати маҳсулоти лозима барои омода кардани ин ғизо:

Лапшаи бирёни чинӣ ҳамроҳ бо сабзавот

, , ,