• cooking

Качанги яхин

мӯдшуда

Тарзи осони омода кардани ғизои лазизи малайзияро бубинед - хеле осон аст! Дастурамали қадам ба қадам ва ретсепти видеоии омода кардани ғизои Малайзия.

Видеоро бубинед ва ҳамроҳи мо омода кунед!

Аз ҷуворимаккаи Bonduelle GOLD обашро бирезед ва дар зарф бигзоред. Желеро чаҳоркунҷа кунед – барои ин дилхоҳ желеи меваҷотро бигиред, ба он об омехта кунед, ду маротиба камтар аз он миқдоре, ки одатан истифода мешавад. Баъдан онро ба шакли борик бирезед ва давоми ним соат дар яхдон бигзоред.

Дар блендер яхро майда кунед ва ҳатман таваҷҷуҳ кунед, ки пораҳои калони ях боқӣ намонанд. Болои ях сироп мепошем. Қулфинайӣ ва ё гелосӣ. Болои ях як қошуқи ошӣ лубиёи қаблан шусташуда ва ду қошуқ ҷуворимаккаи ширин мегузорем.

Акнун желеро мегирем, ки чароҳкунҷаи расо бурида шудааст ва десертро оро медиҳем. Тибқи хоҳиши худатон, метавонед дилхоҳ меваи ширинро ҳамроҳ созед. Ғизоро дарҳол рӯйи дастурхон бигзоред, як дона барги пӯдина ҳамроҳ кунед.

Рӯйхати маҳсулоти лозима барои омода кардани ин ғизо:

Качанги яхин

, , , ,