• nutrients

Ғизо барои пӯсти солим

фоиданок

Мо нисбат ба дигар фаслҳои сол дар тобистон баданамонро бештар мекушоем. Аз ин рӯ мехоҳем, ки пӯстамон солим бинамояд, аммо барои амалишавии ин хоҳиш бояд пӯстамонро нигоҳубин намоем.

Тобистон фаро расид — либоси ғафси зимистонаву баҳориро шортиҳо, беостинҳо, доманҳои кӯтоҳ, либоси оббозӣ ва ғайра иваз мекунанд. Қисмате бештари пӯсти бадани мо ба намоиш медарояд, аз ҳамин хотир ҳам барои мардон ва ҳам барои занон хеле муҳим аст, ки пӯсташон на танҳо зебо, балки солим ҳам бинамояд (солимии он шояд муҳимтар аст).

Беҳтарин василаи ҳифзи зебоии пӯст ин нигаҳдории мудовими сатҳи рутабати он аст, ки имкон медиҳад пӯст ҳамвор бошад ва ҷавонтар ҷилва намояд. Барои даст ёфтан ба ин натиҷа, тавсия дода мешавад, ки дар як рӯз на камтар аз ду литр об бинӯшед ва агар рӯз офтобӣ ва гармтар бошад, пас аз он ҳам ҳам бештар бинӯшед.

Пища для здоровой кожи

Агар ин миқдор дар назаратон аз ҳад зиёд намояд – ба он наъно, райҳон ва ё ягон меваи ширин омехта кунед, то таъмаш лазизтар гардад. Нӯшидани чойи кабуд ҳам муфид аст. Бархе аз мевагиҳои дорои шарбати зиёд барои нигаҳдории парҳез хеле ба маврид ҳастанд:

  • тарбуз
  • харбуза
  • бодиринг
  • брокколи
  • помидор
  • черника
  • редиска
  • грейпфрут

Пища для здоровой кожи

Маҳсулоти дигар, ки барои пӯсти шумо муфид ҳастанд:

  • равғани зайтун
  • карам
  • чормағз
  • қаламфури ширин
  • сабзӣ
  • донаи офтобпараст (семечка)
  • нахуди сабз
  • йогурт
  • лубиё
  • соя

Пища для здоровой кожи

Мо тавсия мекунем, ки ин маҳсулотро дар ғизоҳои худ бештар истифода баред, то ин ки пӯсти шумо бо ҷило шавад ва солим бимонад.

Ҳамчунин пӯсти худро бо истифода аз креми зиддиофтобӣ аз нурҳои сӯзони офтоб ҳифз намоед!

Пища для здоровой кожи

, , , , , , , , , , , , ,