• nutrients

Сабзавоти ҳаққонӣ

фоиданок

Оё шумо, дар бораи пайдоиши калимаи "сабзавот", ҳеҷ фикр кардаед? Ҳамаи мо инро ҳар рӯз истифода мебарем - чунон ошкор ва табиӣ менамояд.

Калимаи сабзавот нахустин бор дар аввали асри 15 қайд карда шудааст, ки нисбати ҳамаи растаниҳо истифода карда мешуд. Аз калимаи лотиниии асримиёнагии vegetabilis гирифта шудааст, ки маънои “сабзидан” ва “шукуфтан”-и растаниро дорад. Истилоҳи veggie бошад ҳамчун жаргони аз он калима ихтисоршуда истифода бурда мешуд.

Калимаи “сабзавот”, ки имрӯз мо ба маънои растаниҳое, ки барои ғизо парвариш карда мешаванд, истифода мебарем, то асри 18 ҷорӣ нашуда буд.

Сабзавоти ҳаққонӣ

Мо метавонем оиди сабзавот, ҳеҷ набошад, бо 4 маънои гуногун сухан ронем:

  • Мева (ботаникӣ): тухмдони растании шукуфон,
  • Мева (хӯрданиҳо): ҳар як қисми хурданбоби ширини растаниҳо,
  • Сабзавот (хӯрданиҳо): ҳар як қисми хурданбоби хуштаъми растаниҳо,
  • Сабзавот (ҳуқуқӣ): молҳое, ки дар доираи ҳуқуқи муайян чун сабзавотҳо андоз баста мешаванд.

vegetables

Дар бозор калимаҳои “мева” ва “сабзавот” ҳамдигарро истиснокунанда мебошанд – маҳсулоти наботие, ки мева номида мешавад қариб ҳеҷ гоҳ ба гурӯҳи сабзавотҳо тасниф карда намешавад, ва баръакс. Калимаи “мева” маънои аниқи ботаникӣ дорад ва аз маънои хӯрокиаш хеле фарқ мекунад, ки як маҷмӯъ меваҳои заҳрнокро низ дар бар мегирад. Ҳол он ки шафтолу, олу ва афлесун аз ҳар ду ҷиҳат “мева” мебошанд, бисёри маҳсулоте, ки ба мисоли бодинҷон, қаламфури булғорӣ ва помидор одатан “сабзавот” номида мешаванд, аслан дар бобати ботаникӣ мева мебошанд.

Ба ҷуз англисӣ бештари забонҳо гурӯҳҳое доранд, ки ба маънои маъмули “мева” ва “сабзавот” баробар кардан мумкин аст. Лекин маънои аниқи онҳо аксаран аз анъанаҳои маҳаллии озуқаворӣ вобаста мебошад. Масалан, дар Бразилия авокадо, расман бо ширинӣ ҳамчун десерт ва ё андаруни коктейли ширӣ истеъмол карда мешавад. Зеро ҳамчун мева шуморида мешавад. Ҳол он ки дар дигар мамлакатҳо бошад барои тайёр намудани салат ва қайлаҳо истифода бурда мешавад, ва бинобар ин ҳамчун сабзавот ҳисобида мешавад.