• nutrients

Нахӯди сабз – хӯроки шоҳон

фоиданок

Нахӯди сабз яке аз лазизтарин ва машҳуртарин сабзавот ба ҳисоб меравад. Он дар дастархони ҳар кас меҳмони маълум мебошад. Таърихи ин нахӯд ҳам дар ҳақиқат ҳайратангез мебошад.

Сабзавоти шоҳона

Нахӯди сабзи “полезӣ”, ки хом ва тару тоза тановул карда мешавад, дар замони Аврупои Муосири Ибтидоӣ (аз охири асри 15 то охири асри 18) чун ҳашамати навовар ба ҳисоб мерафт. Дар Инглистон фарқкунӣ байни “нахӯди хасак” ва “нахӯди полезӣ” ба аввали асри 17 тааллуқ дорад. Нахӯди қандро, аз сабаби бо тамоми ғилофакаш истеъмол кардан, франсавиҳо ба зудӣ mange-tout номида буданд. Ин нахӯд ба Фаронса дар замони Ҳенри IV дар охири асри 16 ба воситаи сафири фаронсавӣ аз бозорҳои боғдории Ҳолланд муаррифӣ карда шуда буд. Нахӯди сабз бошад аз Ҷеноа  ба дарбори Луи XIV январи соли 1660 дар Фаронса муаррифӣ карда шудааст. Ва ҳамчун ҳодисаи бузург як сабади ин нахӯд дар назди шоҳ низ нишон дода шуда буд. Баъдан андаке хӯрокҳо аз ин нахӯд ба ҳузури шоҳ ва малика пешниҳод карда шуда буданд. Ин нахӯд, новобаста аз зуд ниҳол гирифтан, пешпазак будан, бо пору гарм кардан ва андар шиша нигоҳ доштани он, то ҳол чун таоми хушхӯри бошукӯҳ ба шумор мерафт.

Green peas

Нахӯди ҳозираи реза, ки ғилофи ҳазмнашавандаи ӯ бартараф карда мешавад, такмили охири асри 19 мебошад.