• nutrients

Ҷиҳози ғизохӯриро рӯи миз чи гуна бояд гузошт

мӯдшуда

Шоми пуршукуҳро бидуни мизи ороёфта ва дурустии ҷиҳози ғизохӯрӣ тасаввур кардан маҳол аст. Санъати ташкили зарфҳо ва ҷиҳози дигари ғизохӯрӣ дар якҷоягӣ бо донистани қоидаҳои одобу рафтор - донишест, ки бояд тақвият ва рушд ёбад. Ин дар зоти худ, маросимест, ки ҳар нафар бояд ба он омода шавад.

Усули аврупоии ҷобаҷо гузории ҷиҳози ғизохӯрӣ тақозо мекунад, ки чангол (вилка) аз сӯи чап, вале корд ва чумча (қошук) – аз сӯи рост, дар шакле, ки истифодаи онҳо осон бошад, гузошта шавад. Ҷиҳози ҷилодори ғизохӯрии ба инҳо монандро дар ду ҷониби зарф бояд гузошт – он чизҳое, ки дар навбати аввал истифода
мешаванд.

Чанголҳоро бояд дар ҷониби чапи зарфи хӯриш ва ғизои асосӣ гузошт, дар ҷониби рост бошад – кордча барои хӯриш, чумчаи ғизохӯрӣ ва корд барои ғизои асосиро гузошт. Агар шумо моҳӣ омода кунед, пас дар ивази чумча ва корди оддӣ ҷиҳози махсуси моҳихӯриро, ки намебураду танҳо моҳиро аз устухон мекунад, гузоред.

Чумчаи ғизохурӣ дар ҷониби рост байни кордчаҳо гузошта мешавад. Чумча барои қаҳва/чойнушӣ дохили зарфҳо гузошта мешавад. Он чумчаҳо бояд ба ҷониби рост нигаронида шуда бошанд. Ҳамонҷо
низ бояд чанголи десертхӯрӣ гузошта шавад. Тартиби намунавӣ ва таносуб – барои қашанг ҷилва
намудани миз омилҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Дастаи ҳар кадом чумча / чангол / кордча бояд аз интиҳои миз дар фосилаи 1 см қарор бигирад. Агар миз борик бошад, мумкин аст чанголи десертхӯрӣ ва чумчаи қаҳва / чойнӯширо сарфи назар кард. Ин ҷиҳозро метавон бо тайёр шудани десерт рӯи миз гузошт.

Ҷиҳози ғизохӯриро рӯи миз чи гуна  бояд гузошт

Ба дӯстонатон дар бораи ин инфографика нақл кунед ва бо гирифтани донишҳои нав шоматонро рангин намоед.

Илҳом андар ошпазхона – маслиҳатҳо, тавсияҳо, дастурҳо, одоби муошират

 

, , , , , , ,