• nutrients

Ҳаҷми қанд дар ратсиони шумо

фоиданок

Ширинӣ яке аз нахустин таъмҳоест, ки мо бо он ошно мешавем ва ин таъм дар аёми тифлӣ бештар аз ҳар таъми дигар ба мо писанд меояд. Интихоби мо ва дастрас будани қанд - омилҳои асосии истифодаи аз ҳад зиёди қанд ба ҳисоб мераванд.

Шакарро марги ором меноманд. Вай тақрибан дар ҳама ҷо ҳозир аст. Вай дар чандин навъи маҳсулот, шарбатҳо, нушобаҳои мастнакунанда, шириниҳо, маҳсулоти донагӣ мавҷуд аст.

Таъсири манфии қанд дар системаи масуният дар давоми 30 дақиқаи баъди истеъмоли ғизо шуруъ мешавад. Барои мисол, парҳезе, ки зимни он қанд бештар истеъмол мешавад хатари вайроншавии қанд дар хунро афзоиш медиҳад, ки ин метавонад дар навбати худ ба хирашавии табъ расонад, вазнро зиёд гардонад, мондашавиро ба бор орад, сардардро ба миён орад ва як қатор нишонаҳои дигари номақбулро ба “армуғон” орад.

Қанд моддаҳои ғизоӣ надорад, танҳо калорияҳои холӣ дар таркибаш дорад. Ҳар гоҳ шумо бар нафси худ ғолиб меоеду аз истеъсоли қанд даст мекашед, бе шубҳа беҳтаршавии худро ҳис мекунед, барои мисол нерунокиатонро, камшавии вазнро, беҳшавии масуниятро ва қобилияти рӯшанфикриатонро пайдо мекунед.

Маҳдудияти истеъмоли қанд дар аввал шояд номумкин намояд, вале дар асл хеле осон аст. Аз Шумо танҳо ҳамин талаб карда мешавад, ки чанд маслиҳати соддаро риоя намоед. Агар хоҳиши истеъмоли қандро пайдо кардед, дар иваз як дона хушкмева ё тармева истеъмол намоед. Онҳо низ ширинанд, вале болои ин дар таркибашон витамин, минерал ва клетчатка доранд. Миқдори нушобаҳои бо шакарро кам намоед, дар иваз 100% шарбати мева, оби маъданӣ ва чойи табиӣ бинӯшед. Асали табииро ҳамчун ивазкунандаи шакар истеъмол намоед.

Ҳаҷми қанд дар ратсиони шумо

Маҳдудияти истеъмоли қанд дар ратсион системаи масуниятро тақвият мебахшад.

Маъмулоти бештар инҷост:

Парҳез – маҷмӯаи парҳезҳои беҳтарин
Аҳроми ғизои солим аз чӣ далолат мекунад?

, , , , , , , ,