• nutrients

Қаҳва – нӯшобаест, ки эҳсосҳоро таҳрик медиҳад

зебо

Омехтаҳои гуногун метавонанд таъми қаҳваи писандидаи шуморо тағйир диҳанд ва тахаюлоти пазандагиатонро ғанӣ созанд. Омехтаҳо таъм ва лаззати дилхоҳ қаҳваро тағйир медиҳанд.

Накҳат, таркиб ва таъм аз муҳимтарин омилҳое ҳастанд, ки ба ҳангоми нӯшидани қаҳва ба онҳо таваҷҷуҳ мекунем.

Ҳисси биноӣ
Дар чанд сонияи аввал на ҳисси таъм ва таркиби дилчасп, балки маҳз биноии мо қодир аст ба қаҳва баҳо бигзорад. Дар се нигоҳи аввал майнаи мо шиддати рангҳо, таркиб ва сохтори табии кафки қаҳваро таҳлил мекунад. Ба ҷуз инҳо,
усули пешниҳоди қаҳва низ ба биноии мо таъсир дорад. Мо ба навъ ва шакли
зоҳирии финҷоне, ки аз он қаҳва менӯшем, ҷалб мекунем. Ҳатто ба он диққат медиҳем, ки қаҳва чи гуна оро дода шудааст: барои мисол қаймоқи куфта ва пудраи шоколод, чормағз ва ё буридаҳои афлесун дорад ё не.

Ҳисси бӯёӣ
Ҳисси бӯёӣ таркиби дар фазо будаи муаттаркунандаҳои финҷони қаҳваро пайдо
мекунад. Узви бӯёии одамон – яъне шамима қодир аст бештар аз 10 000 таркиби
гуногуни бӯйҳоро ташхис кунад. 80% эҳсоси таъм тавассути ҳисси бӯёӣ шинохта
мешавад. Эҳсоси бӯёӣ метавонад аз ҳисоби омехтаҳои гуногун ба қаҳва боло бурда шавад. Дар бисёри ҳолат дорчин, ванил ва кардамон истифода мешавад, ки ҳар кадоме қатраҳои қаҳваро таъми дигар медиҳанд.

Ҳисси лаззат
Забони одамӣ чор таъми асосиро ташхис медиҳад: ширинӣ, шӯрӣ, туршӣ ва тезиро. Шарбатҳои таъмдодашуда ва асал метавонанд лаззати қаҳваро рангинтар намоянд. Қаҳва дар якҷоягӣ бо дигар омехтаҳо таркиби такрорнашавандае ҳосил мекунад.

Қаҳва - нӯшобаест, ки эҳсосҳоро  таҳрик медиҳад

Таҳияи лазизтарин қаҳваро ҳамроҳ бо дӯстонатон таҷриба кунед.

, , , , ,