• nutrients

Қаҳваро чӣ тавр нӯшид ва чӣ тавр аз он манфиат бурд?

зебо

Ҳамаррӯза як маълумоти нав дар бораи таъсири қаҳва ба организми одам, ки одатан бо ҳамдигар зиддият доранд, пайдо мешавад. Мегӯянд, қаҳва барои тамаркузи фикр кӯмак мекунад. Барои он ки мо беҳтар кор кунем, ба кофеин эҳтиёҷ дорем? Қаҳваро чӣ тавр нӯшид, то ки натиҷаи дилхоҳро ба даст овард?

Кофеин қишр ва зерқишри асосии  мағзи сар ва ҳамчунин рагҳои  нафасгирӣ ва хунгардро таҳрик медиҳад.  Вай ба майнаи сар имкон медиҳад, ки  хуб кор кунад, дар ҳол ҳолати физикӣ  ва равониро беҳ мегардонад.  Ин бо афзоиши ҷудошавии адреналин  ва дофамин вобаста аст, ки  марказҳои лаззатбарии мағзи сарро  таҳрик медиҳанд.

Миқдори начандон зиёди қаҳва  моро таҳрик медиҳад ва  сифати кори моро беҳтар мегардонад.  Ба ҳангоми истифодаи аз ҳад зиёди  он кофеин дар организми мо  паҳн мегардад ва фаъолиятамонро  кунд мегардонад. Тамаркузи  максималии кофеинро хун тақрибан  давоми як соат нигаҳ медорад,  вале таъсири он ҳатто давоми 4 соат  боқӣ мемонад. Таъсири мусбати кофеин  замоне ба мушоҳида мерасад, ки  миқдори истеъмоли он дар  як рӯз аз 100 то 300 мг бештар нашавад.

Ин чиз ҳам муҳим аст, ки таъсири  қаҳва тақрибан ним соат баъд  аз истеъмол бармало мешавад. Одатон  мо фиреби ин лаҳзаро мехӯрем ва  таъсири дилхоҳро интизор нашуда,  финҷони дувумро менӯшем.  Баъди ин бошад мо наметавонем  таваҷҷуҳамонро ба чизе  мутамарказ кунем ва нохудогоҳ  асабонӣ мешавем.  Аз ин рӯ беҳтар аст, ки аз нӯшидани  миқдори зиёди қаҳва худдорӣ кунем  ва бо як финҷон иктифо варзем. Ба ин тартиб,  шумо миқдори лозимии кофеинро  ба даст меоред. Дар тӯли рӯз нӯшидани  се финҷони хурди қаҳва кифоя аст.  Ин миқдор барои мутамарказ шудани  фикр кифоя аст.

Қаҳваро чӣ тавр нӯшид ва чӣ тавр аз он  манфиат бурд?

Дониста бошед, ки кадом  навъи қаҳва ба организми шумо таъсир мерасонад.

, , , , , ,