• nutrients

Шароб барои шом – чӣ гуна пешкаш кард?

мӯдшуда

Пешниҳоди дурусти машрубот барои ҷашни пазироӣ аҳамияти калон дорад. Дар бештари шабнишиниҳо ҳади ақал чанд шиша шароб рӯи миз мегузоранд. Муҳим ин аст, ки - онҳоро дар шакли дуруст рӯи миз бимонем.

Ҷомҳоро аз дасти рост, болои зарфҳо бигзоред, чунин ҷомҳоро мо одатан бо дасти рост мегирем. Аз рост ба чап бигзоред: ҷом барои шароби сафед, баъдан ҷом барои шароби сурх. Ҷом барои обро бошад каме аз паҳлӯ гузошт, зеро тамоми тӯли шабнишинӣ мебояд ба вай дастрасии озод дошта бошем. Ҳамчунин мебояд дар хотир дошт, ки зарфҳо барои десертхуриро дар рӯи миз на қабл аз оғози шабнишинӣ, балки танҳо қабл аз пешниҳоди чой ва ё қаҳва бояд рӯи миз овард.

Интихоби дурусти ҷомҳо ба ҷуз аз функсияҳои эстетикӣ, таъм ва накҳати шаробро баҳои сазовор медиҳанд. Онҳо бояд шаффоф буда, аз шишаи ҳамвор ва тунук сохта шуда бошанд. Танҳо дар ин сурат метавонд муҳимтарин ашё – шаробро дар ҷом дид. Шакли ҷомҳо нақши ҳалкунанда доранд. Таҳқиқотҳо далолат мекунанд, ки ҳамон як навъи шароб вобаста ба шакли ҷомҳо таъми лаззати гуногун эъто мекунанд.

Яке аз шаклҳои олитарин – ҷом, он аст, ки аз боло ба поин хамида аст ва шакли тухмро дорад. Шакли дар даст гирифтани ҷом ҳам хеле аҳамият дорад. Бояд ҷомро аз поёнаш дошт, ба хотири он ки шароб гарм нашавад ва худи ҷом тозаву ҷилодор боқӣ бимонад.

Шароб барои шом – чӣ гуна пешкаш кард?

Аз машваратҳои мо ба дурустӣ истифода баред, таҷриба намоед ва хоҳед дид, ки ҷашни пазироии шумо чи қадр олӣ барпо мешавад.

Аз шабнишинӣ ҳаловат баред ва дар ин бора маълумоти бештар бигиред:

Таомҳои машҳур
Илҳом андар ошпазхона – маслиҳатҳо, тавсияҳо, дастурҳо, одоби муошират

, , , , , , ,