• nutrients

Усулҳои истифодаи шароб ва ғизо

мӯдшуда

Шароби мувофиқро на танҳо барои он рӯи дастурхон мегузоранд, ки лаззати ғизоро бармало намоянд, балки барои тақвияти ҳиссиёт ҳам ба кор мебаранд, мегӯянд кордонҳо. Интихоби нушобаи беҳтарин барои ғизои мушаххас осон нест. Набояд иҷоза дод, ки шароб таъми ғизоро дигаргун ва ё камранг созад ва ғизо ҳам набояд таъми шаробро коста гардонад.

Ғизоҳое, ки барои шароби сурху сафед мувофиқанд

Шароби сафед – таъми нозук ва нарми ин  навъи шароб бо панир ва сабзавоти  дудпаз, маҳсулоти баҳрӣ ва моҳӣ,  ғизоҳои сабуки дорои миқдори ками  адвияҷот мувофиқати олӣ дорад.  Газаки сабук, аз он ҷумла меваҷот,  бо шароби сафед хеле мувофиқ аст.

Шароби сафеду гулранг – арзиши  гаронтар доранд ва таъмашон  назаррас аст – онҳо лаззати ғизои  дудпухт, бирёншуда ва ё моҳии  дудпухтро тақвият мебахшанд.  Шумо ҳамчунин метавонед, ки  шароби сафедро бо гӯшти сиёҳранг:  мулоим, хуб дудпухтшуда ва  бо соуси тунук таҳияшуда даромезед.

Шароби сурх бо дилхоҳ ғизои  хушбӯй мувофиқ меояд. Бояд  ба хотир дошта бошем, ки ин  навъи нушоба метавонад таркиби  мухталиф дошта бошад.  Шарои сабуки сурхро мумкин  аст бо ғизоҳои мурғӣ рӯи  суфра гузошт. Шароби қавӣ бошад  бо гӯшти сиёҳранг мувофиқати  олӣ дорад. Шаробҳои хеле  хуштаъму қавӣ беҳтар аз ҳама  бо гӯшти мурғобӣ мувофиқат  мекунанд, ба вижа ба ҳамон  ғизоҳое, ки бо соуси ғализи  сиёҳранг рӯи суфра гузошта мешаванд.

Шампон бошад яке аз қадимитарин  навъи нушобаҳои бедоркунандаи  иштиҳо шуморида мешавад.  Ин ҳамчунин ягона навъи шароб аст,  ки бо ҳама навъи ғизоҳо ҳамхонӣ  дорад: барои мисол, ҳам бо моҳӣ,  ҳам бо сабзавот, ҳам бо панир  ва ҳам бо десерт.

Дар десерт бошад одатан  шароби десертии нимаширин ва ё  ширин пешниҳод мекунанд. Барои  десертҳои ниҳоят ширин шароби  нимаширинро интихоб намоед.

Усулҳои истифодаи шароб ва ғизо

Шумо акнун ҳамаи ин  усулҳоро медонед, бо дӯстонатонро  онҳоро таҷриба намоед.

, , , , ,