• nutrients

Навъҳои макарон

лазиз

Макаронҳо – яке аз қадимтарин маҳсулоти ғизоӣ ҳастанд. Натиҷаи ҷустуҷӯҳои бостонии деҳаи давраи неолит дар соҳили дарёи Хуанхэ дар Чин далолат бар ин мекунанд, ки ҳанӯз 4000 сол қабл макарон омода мекардаанд. Макарони анъанавӣ, ки аз омехтаи обу орд таҳия шуда, баъдан хушк гардонида мешавад, дар Шарқи Қадим низ маъруф буд. Вобаста ба навъи орд, ки барои таҳия истифода мешавад, чанд навъи макаронро аз ҳамдигар ҷудо месозанд.

Макаронҳои бо донаи гандум – ин ибора ҳамаи макаронҳои аз навъи орди дурушт таҳияшударо дар бар мегирад. Орд метавонад гандумӣ бошад (макарон ранги зардчаро ба худ бигирад) ва ё ҷавӣ (макарон ранги қаҳваиро ба худ бигирад). Макарони гандумии аз орди дурушт омодашуда нисбат ба макарони оддӣ, дар таркиби худ миқдори бештари витамин ва минералҳоро дорад.

Угрои биринҷӣ (лапша) аз орди биринҷӣ омода мешавад. Вай дар таркиби худ миқдори зиёди крахмал дорад, аммо глютен ва чарбу дар таркибаш умуман вуҷуд надорад. Угрои биринҷӣ дар Осиё, ба вижа дар Чин хеле машҳур аст. Онро бо мурғ, ғизоҳои баҳрӣ ва сабзавот якҷо тановул мекунанд.

Макарони соя – мантиқан тахмин кардан мумкин аст, ки онро аз донаи соя омода мекунанд, аммо ном метавонад моро ба иштибоҳ барад. Агар возеҳтар бигӯем, ингредиенти асосии ин макарон ин крахмали донаи мунг ва ё мош аст. Вай дар таркиби худ наздики 10% протеин дорад. Глютен умуман надорад. Беҳтар аз ҳар чизи дигар бо шӯрбо, спринг-ролл мувофиқат мекунад, ҳамчунин барои гӯшт ва ё ғизоҳои сабзавотӣ беҳтарин чошнӣ аст.

Макаронҳои ҷуворимакка – ин макарони зардранг ҳастанд, ки аз орди ҷуворимакка омода мешаванд. Онҳо аз клетчаткаҳо ва витаминҳои В, Е ва А бой ҳастанд. Ҳамчунин дар таркиби онҳо магний ва калий мавҷуд аст. Макаронҳои ҷуворимакка ғизои солим ба ҳисоб мераванд. Онҳо барои хӯришҳои мексикоӣ ва лубиё хеле мувофиқанд.

PASTA-SHAPE2-TJ

Навъи макарони писандидаи худро интихоб намоед

Дастурамалҳои лазизи бештарро инҷо пайдо намоед:
Илҳом андар ошпазхона – маслиҳатҳо, тавсияҳо, дастурҳо, одоби муошират

Лазана – Запеканкаи итолиёви аз макарон, гӯшт ва сабзавот

, , , , , ,