• nutrients

Таъми сабзавоти обпазро чӣ гуна метавон баръало кард?

лазиз

Таҳияи ғизо мушкил нест, ҳама метавонад ба ин кор машғул шавад. Мушкил - бахшидани таъми дилхоҳ ба ғизоҳои сабзавотӣ аст. Гӯшту моҳиро мешавад чанд соат қабл аз таҳияи ғизо адвиятҷон пошид (мариноват), вале сабзавотро дар ҳангоми тару тоза буданашон бояд таҳия кард. Чӣ тавр мешавад сабзавотро болаззат пазонид?

Ба ҳангоми пухтапази сабзавот дар об ва ё буғ илова кардани чанд барги гиёҳ ва ё адвияҷоти дӯстдоштаи худро фаромӯш накунед. Гиёҳи тару тоза таъм ва накҳати фаромӯшнашаванда мебахшад. Таъм ва накҳати онҳо бо сабзавоти обпаз хеле мувофиқ аст. Таъми райҳон то он ҳад қавӣ аст, ки намешавад онро эҳсос накарад. Онро дар ғизоҳои итолиёвӣ фаровон истифода мекунанд. Онро барои тақвияти таъми панир (сыр), бутерброд, хӯриш, ғизоҳои аз моҳӣ таҳияшуда истифода баред. Агар шумо аз помидор ғизое таҳия кардани бошед – пас райҳон беҳтарин интихоб аст.

Зира на танҳо ба ғизо лаззат мебахшад, балки ба таври саховатмандона ба саломатии шумо таъсир мерасонад, масалан, онро барои бартараф кардани мушкилии роҳи нафас ё нафаскашӣ тавсия мекунанд. Зираро дар ғизоҳои фаронсавӣ бисёр истифода мекунанд. Онро дар гӯшт илова мекунанд, дар дич (навъи ғизои фаронсавӣ), дар шӯрбои нахудӣ ва ғизоҳои аз моҳӣ таҳияшуда истифода мекунанд.

Розмарин накҳати сӯзанбарг ва мақбуле дорад, каме таъмаш тез аст, ки он барои ғизоҳои гӯштӣ, моҳӣ, биринҷӣ, шӯрбо ва хӯришҳо хеле мувофиқ аст. Розмаринро дар бисёре аз ғизоҳои кишварҳои ҷаҳон истифода мекунанд, зеро вай ҳам барои ғизои туршмазза ва ҳам барои ғизои ширин накҳат ва лаҳҳат такрорнашаванда мебхшад.

Таъми сабзавоти омодашуда вобаста ба адвияҷоте, ки истифода мешавад, метавонад гуногун бошад. Соус метавонад таъми мақбултаре дошта бошад, агар онро бо дастони худамон таҳия кунем. Суол ин аст, ки кадом навъи соусро барои кадом навъи ғизо таҳия кард. Интихоб аз навъи ғизои таҳияшаванда вобаста аст, аммо олитарин навъи соусҳо ҳамеша соуси сирпиёз (чесночный), карри ва соуси дзадзики будаанд ва боқӣ хоҳанд монд.

Таъми сабзавоти обпазро чӣ гуна метавон баръало кард?

Адвияҷотро барои таҳияи ғизо истифода кунед ва таъми лазизи он ҳаловат баред

Бо мо вақтхӯшӣ ва хӯшпазӣ намоед:

Хӯрокпазии болаззат

, , , ,