• nutrients

Тартиби дурусти пешниҳоди ғизо

мӯдшуда

Тартиботи назми хушмаззагӣ содда ва мантиқӣ аст. Донистани ин тартибот имкон медиҳад, ки аз ҳолатҳои нобоб ҳангоми маросимҳо ва ё ҷашнҳои хонагӣ пешгирӣ кунем. Дар ин радиф тартиби пешниҳоди ғизо ҳам шомил аст.

Меъёрҳои қабулшудаи пай дар пайии пешниҳоди ғизо ҳангоми ҷашнҳову маросимҳо чунин аст: хӯриш, шӯрбо, моҳӣ, гӯшт, панир ва десерт. Албатта, шумори ғизоҳо ҳатмӣ нест, балки ҳамаи ин тартибот аз шумори ғизоҳои дар назар гирифташуда вобаста аст. Беҳтар аст, ки чор-панҷ навъи ғизо пешниҳод кард, барои маросимҳои хурдтар бошад метавон то се навъи
ғизо омода намуд. Агар шумо ният доред, ки маросиматонро дар хона баргузор намоед, бояд чанд қоидаро дар хотир дошта бошед. Хӯришҳо бояд то омадани меҳмонон рӯи дастурхон гузошта шаванд. Ба ҷуз ин соҳибхоназан бояд шӯрбо ва ғизои гӯштиро рӯи хон бигзорад, марди хона бошад зарфҳо ва хӯришҳоро назорат кунад.

Бо тартибе, ки мо ғизоро барои меҳмононамон пешкаш мекунем, аз урфу одати мо маълумот медиҳад. Ҳангоми пешкаш намудани ғизо бояд ҳамеша аз калонсолон шуруъ кард (дар урфу одати тоҷикона аз мардони калонсол), соҳибхонаҳо бояд барои худ дар навбати охир ғизо биоранд. Тақрибан ҳамаи ғизоҳоро бояд аз ҷониби рости дастрахон пешкаш кард. Ба ҳамин тартиб нушокиҳоро пешкаш кардан дуруст аст. Интихоби нушокӣ ва пешкаш кардани онҳо – вазифаи марди хонадон аст. Ба ҳамин тартиб дар урфи тоҷикона, аввал қадаҳ ва пиёлаҳои мардонро бояд пур кард, баъдан аз занҳоро.

Purple_Party_Planner_tj-ORDER

Назора кунед, ки дар тарабхонаҳо кадом навъи тартиби пешкаш намудани ғизо роиҷ аст.

Аз шабнишинии худ ҳаловат баред ва маълумоти бештарро инҷо бигиред:

Илҳом андар ошпазхона – маслиҳатҳо, тавсияҳо, дастурҳо, одоби муошират

, , , ,