• nutrients

Суду зиёни қаҳва

зебо

Тибқи қоидаи маъмул, қаҳва эҳсоси шадидро бедор мекунад: мо ё ин нӯшобаро аз ҷону дил дӯст медорем ва ё комилан нисбаташ бетафовут ҳастем. Бисёриҳо бидуни қаҳва наметавонанд ҳатто як рӯз ба сар баранд. Мутаассифона, қаҳва табиати дугона дорад, ки инро бояд ҳар нафар бидонад.

Бархеҳо қаҳваро барои таъмаш менӯшанд, бархеи дигар – барои он ки неруяшонро дар давоми рӯз тақвият диҳанд. Ба ҷуз ин, қаҳва барои саломатии мо таъсири мусбат дорад. Дар навбати аввал ин антиоксиданти қавӣ аст, ки ҷараёни пиршавиро кунд мегардонад. Ҳамчунин ин нӯшоба қодир аст, ки сатҳи холестерини номақбул дар хунро кам гардонида, бо ин роҳ рушди бемориҳои қалбу рагҳои хунгард ва атеросклерозро пешгирӣ мекунад. Таҳқиқотҳо собит кардаанд, ки истеъмоли қаҳва басомади мигренро кам мекунад, хатари гирифторшавӣ ба диабети дараҷи II, бархе навъҳои саратон ва дигар бемориҳо, амсоли Паркинсон ва Олзоймер (фаромӯшхотирӣ)-ро коҳиш медиҳад. Коҳиши хатари гирифторшавӣ ба астма ва пӯсидагии дандон низ аз бартариҳои истифодаи қаҳва аст. Таҳқиқотҳо ҳамчунин собит кардаанд, ки истифодаи мудовими қаҳва хотираи кутоҳмуддатро тақвият мебахшад ва дар раванди таҳсил таҳсили мусбат дорад.

Зиёни истифодаи қаҳва нисбат ба фоидаҳояш хеле кам аст, вале ба ҳар сурат онҳоро бояд ёдовар шуд. Аввалан, ин нӯшоба магний, калсий ва витамини В-ро аз организм мешӯяд. Гузашта аз ин, агар дарди меъда дошта бошед, ҳатман аз нӯшидани қаҳва парҳез кунед, зеро ин нӯшоба ҷудошавии барзиёди шираи меъдаро бармеангезад. Нӯшидани аз меъёр зиёди қаҳва метавонад хастагӣ ва таҳрикпазирӣ ва ҳамчунин хоби нороҳатро ба бор орад. Аз ин рӯ, меъёри рӯзмарраи қаҳва набояд барзиёд бошад.

Суду зиёни қаҳва

Миқдори ками қаҳва барои сиҳатӣ муфид аст.

Илҳоми бештар ва маълуми кофӣ инҷост:

Бартариҳои фоиданоки брокколи

, , , , , , , ,