• nutrients

Соусҳои машҳур барои макаронҳо

лазиз

Соусҳоро дар Итолиё аз маҳсулоти хоси як минтақа омода мекунанд. Дар шимоли Итолиё аз ҳама бештар трюфел ва замбуруғҳои дигарро истифода мебаран. Дар Генуи – пестои хушбӯй, дар Неапол – томатҳо, дар ҷануб – моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ. Имрӯз ҳама соусҳо ба ҳам монанд ҳастанд. Ҳамаи маводҳо аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон ворид мешаванд.

Соуси Болонезе – ғизои маъмулии минтақаи Эмиля-Романя мебошад. Маҳсулоти асосии соуси Болонезе – сабзӣ, пиёз, карафс, пюреи помидорӣ ва винои сурх. Дар Итолиё онро дар спагеттӣ намеандозанд. Болонезе соус барои талятелле – навъи макарони дароз аст.

Болонезе инчунин барои соуси бешамел хеле мувофиқ аст. Карбонара ғизои маъмулии минтақаи Литсиои Рим мебошад. Онро аз тухм, райҳон, пекорино ё пармезана бо изофа кардани қаламфури сиёҳ омода мекунанд. Ин соусро ба спагетти изофа мекунанд ва инчунин онро метавон бо баветте-тасмаҳои тунуку дароз тановул кард.

Пестои сабзи классикӣ аз Генуи, пойтахти минтақаи Лигурия меояд. Маводҳои асосии он: райҳон, донаҳои коҷ, сир, равғани зайтун, пармезан (панири итолиёӣ) ва намаки баҳрӣ. Хурдани песто бо баветте, спагетти ё тикаҳои аз лазанӣ омодашуда хеле бомазза аст.

Соус Аррабиата яке аз дигар ғизоҳои минтақаи Латсио ва Рим мебошад. Ин соуси томатӣ бо чили ва сир дар равғани зайтун хеле хуб ва зуд омода мешавад. Хурдани соуси аррабиата бо пеннеригате хеле хуб аст. Макаронҳо бо ин гуна соус одатан бо ҷаъфарии резашуда пушонда мешаванд. Аррабиатаро инчунин ҳамчун соус бо питса истифода мекунанд.

TJ-SAUCES

Соуси дӯстдоштаи худро барои макарон пайдо кунед.

Дастурамалҳои ғизоии (рецепт) хушмаззаи бештар инҷост:

Спагеттии Ситчилиёви – Пастаи итолиёви бо самак

, , , , , ,