• nutrients

Машҳуртарин навъҳои макарон

лазиз

Макаронҳои гуногуншаклу гуногунҳаҷм мавҷуд аст. Макаронҳои бориктаринро одатан барои пухтани шӯрбо истифод мекунанд, дарозҳо ва рах-рахҳоро бошад бо соус тановул мекунанд, лулашакл ва навъҳои дигари макаронро барои хӯришҳо ва ғизоҳои саридастии гӯштӣ истифода мебаранд. Бархе аз навъҳои маҳсулоти макаронӣ то он ҳад калонҳаҷм ҳастанд, ки мешавад онҳоро бо чошнӣ пур кард ва пазонид, навъҳои дигарро, барои мисол, равиолиро мешавад ба якборагӣ бо чошнӣ омода кард.

Теъдоди зиёди навъҳои макарон дар мағозаҳо интихоби моро душвор мегардонанд. Мо ба таври мухтасар дар бораи навъҳои гуногуни макаронҳо нақл мекунем, ки ҳар нафар метавонад аз миёни онҳо дилхоҳи худро пайдо кунад.
Спагетти – бе шубҳа, машҳуртарин навъи макарон дар ҷаҳон аст. Ин маҳсулоти макаронии борики дароз одатон ҳамчун ғизои асосӣ рӯи дастархон гузошта мешавад. Бо соусҳои помидорӣ ва гӯшти тановул карданаш хеле мақбул аст.

Фарфалле. Дар забони итолиёвӣ “фарфалле” маънии “шабпаракро” дорад ва маҳз барои ҳамин ин макаронҳо шакли шабпаракро гирифтаанд. Бо соусҳои писандида ва хӯришҳои сабук хеле мувофиқ аст, ба ҷуз ин дар дохили зарф хеле дилнишин менамояд.

Каламари. Шакл ва номи ин макаронҳо моҳии калмарро ба хотир меорад. Бештар аз ҳама ҳалқаҳои каламариро бо сабзавот, соус ва моҳӣ якҷо тановул мекунанд.

Лазаня аз рӯи ҳаҷм нисбат ба дигар навъи макаронҳо калонтар аст. Ин макарони борики чаҳоркунҷаи тунук аст. Тибқи қоида, якбора чанд барги лазаниро мепазонанд ва бо чошнии лазиз, барои мисол бо гӯшт ё сабзавот, ҷудо месозанд.

Каннеллони ин лулаҳои калони дорои диаметри 1,5 – 2 см ҳастанд. Онҳоро бо чошнӣ, барои мисол, панир, исфаноҷ ва ё гӯшт пур мекунанд, соуси помидор пур мекунанд ва дар тафтод мепазонанд.

Пенне низ яке аз дигар макаронҳои маъруфи ҷаҳонӣ аст. Дар забони итолиёвӣ “пенне” маънои “қаламро” дорад. Ин лулаҳои ба шакли қутрӣ буридашуда ҳастанд. Маҳз ҳамин навъи макаронҳоро бештари вақт барои омода кардани чошнӣ ва ё хӯриш истифода мебаранд.
PASTA-SHAPE-TJ

Навъи макарони писандидаи худро интихоб намоед

Дастурамалҳои лазизи бештарро инҷо пайдо намоед:

Илҳом андар ошпазхона – маслиҳатҳо, тавсияҳо, дастурҳо, одоби муошират

Лазана – Запеканкаи итолиёви аз макарон, гӯшт ва сабзавот

, , , , , , ,