• nutrients

Ратсиони худро рангин намоед

фоиданок

Сабзавот ва мевагиҳо – қисми муҳими ратсиони ҳаррӯза ҳастанд. Роҳи осони таъмини организм бо моддаҳои зарурии ғизоӣ – таҳияи ғизоҳои рангин бо истифода аз маҳсулоти мухталиф аст.

Ранги сабзавоту мева бо моддаҳои муайяне, ки тавассути рангҳо ба организми мо таъсир мерасонанд, робита доранд. Истеъмоли мева ва сабзавоти гуногун организми моро бо моддаҳои ғизоии муҳим таъмин месозад. Тақсимбандии ратсион аз рӯи тартиби “зарфи рангин” таваҷҷуҳро ба таҳияи ғизои солим ҷалб мекунад ва ҳар гоҳи тановули ғизоро лазизу ҷолиб менамояд.

Ҳамеша ин компонентҳоро дар назар дошта бошед: Ранги сурх – ранги неруи ҳаётӣ аст, барои раҳо шудан аз мушкилоти изтиробангез, заъф ва хастагӣ кӯмак мерасонад. Ранги сурх маънии “аз минералҳо бой” буданро дорад. Набуди вай дар ратсион метавонад ба анемия ва ё саргиҷӣ гирифтор кунад. Ранги норинҷӣ – ранги хушбинист, андуҳро рафъ мекунад ва барои тағйир ёфтан кӯмак мерасонад. Норасоии ин ранг ба қабзи меъда ва дарди устухонҳо гирифтор мекунад.
Ранги сабз – устувории ҷисмониро боло мебарад, организмро тоза мекунад, барои сабукии вазн мусоидат менамояд ва аз изтиробҳои беҷо раҳо месозад. Ранги сабз табиатан аз витаминҳо ва минералҳо бой аст. Ба ҷуз ин, ранги сабз ба системаи масуният таъсири мусбат дошта, пайдошавии силуҳои саратониро пешгирӣ мекунад, вазъи пустро беҳ месозад ва раванди пиршавиро кунд мегардонад.
Ранги арғувонӣ – аз рангҳои маъмулии ратсиони ҳаррӯза аст. Ин ранг оромӣ мебахшад, фикри парешонро ҷамъ месозад ва ба фаъолияти майнаи сар тақвият мебахшад. Истеъмоли сабзавоти арғувонӣ бадан ва майнаро ором месозад ва бо ин роҳ аз хатарҳои пайдошавии сактаи қалб ҷилавгирӣ мекунад.

Ратсиони худро рангин намоед

Барои дӯстони худ ғизоҳои ранга омода кунед, ки ҳам лазиз ва ҳам муфид бошанд.

Маълумоти бештар ин ҷост:

Ранги сабзавот чӣ аҳамият дорад?

Парҳези сабз – парҳези солим аст

Сабзавоти сурх барои қалби солим

Сабзавоти бунафшранг – манбаи антиоксидантҳо

, , , , ,