• nutrients

Об дар ратсиони рӯзмарра

фоиданок

Об ҷузъи муҳими бадани мо ба ҳисоб меравад ва 60% вазни моро ташкил медиҳад. Об вазифаҳои муҳими биологӣ ва физиологиро ба анҷом мерасонад. Аз ин рӯ ҳатмист, ки сатҳи зарурии онро дар организм таъмин кунем.

Об ба таври мудовим аз бадани мо тавассути гурдаҳо, шуш ва пуст хориҷ мешавад.

Роҳи асосии хориҷшавӣ – тавассути гурдаҳост. Ин моеъот хеле зиёд аст ва аз нигаҳдории тавозуни оби организм вобаста аст. Маъмулан, ин моеъот дар як рӯз 1,4 литрро ташкил медиҳад.

Шуш барои он обро сарф мекунад, ки ҳавои дохили алвеолҳоро намнок нигаҳ дорад. Миқдори оби зиёд вақте сарф мешавад, ки ҳавои воридшаванда хушк бошад. Ин масрафот ба ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ ва боло будани ҳарорати бадан афзоиш меёбанд. Аз ин рӯ, мо маъмулан дар як рӯз наздики 0,3 литр обро сарф мекунем, аммо ин миқдор метавонад то 2 литр афзояд!

Пуст низ ба таври доим об хориҷ мекунад.
Ин хориҷсозӣ тавассути арақи бадан ба вуҷуд меояд. Мо ҳатто ба ҳангоме, ки онро ҳис намекунем, баданамон арақ мекунад.
Маъмулан, бадани мо ба ин тартиб тақрибан 0,5 литр обро дар як рӯз сарф мекунад. Ин миқдор метавонад ба ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ ва ҳарорати баланди атроф то 1,5 – 2 литр ва ё бештар аз он дар як рӯз боло равад.

Нӯшидани моеъот сарчашмаи асосии об дар организми инсон аст. Нушобаҳо, махсусан оби минералӣ, шарбати нав ҷабидашудаи меваву сабзавот, чой ва қаҳва ба ҳисоби миёна 62% ҳаҷми умумии миқдори оби дар як рӯз истеъмолшударо ташкил медиҳанд. Мева ва сабзавот сарчашмаи дувуми оби бадан ба ҳисоб мераванд. Онҳо 18-20% ҳаҷми оби рӯзмарраи ҷисмро ташкил медиҳанд. Ба миқдори хеле кам об ба ҷисм тавассути маҳсулоти мухталиф, барои мисол, шир ва маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва ҳатто донагӣ ворид мешавад.

Об дар ратсиони рӯзмарра

Ба дӯстон дар бораи маълумоте, ки дар бораи об тавассути инфографика гирифтӣ, нақл намо

 

, , , , , , , ,