• nutrients

Обпаз ва ё буғпаз. Давомнокии пухту пази сабзавот

лазиз

Пухтани сабзавот чанде аз моддаҳои ғизоӣ ва витаминҳои онҳоро барбод дода, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар организми инсон ба осонӣ ҷазб шаванд. Давомнокии пухту паз инҷо нақши муҳим дорад.

Таҳияи ғизои буғпаз – ин роҳи ҳали намунавӣ на танҳо барои ҷонибдорони ғизои муфид аст. Ин услуб ҳамчунин имкон медиҳад, ки вақт сарфа шавад. Пухту пази буғӣ нисбат ба обҷӯши анъанавӣ ғизоро тезтар омода мекунад. Барои мисол, вақте ки барои пухтани исфаноҷ тариқи буғӣ сарф мешавад, тақрибан 2 дақиқаро шумо метавонед ҳифз кунед, барои пухтани бойимҷон бошад 15 дақиқаро метавонед ҳифз кунед. Чаро чунин аст? Ҳамаи ин аз усули интиқоли гармӣ ва пухту паз бо ҳарорати бештар аз 1200С вобаста аст. Ба ҷуз ин, пухту паз тариқи буғӣ назорати доимӣ ва кофтани дегро талаб намекунад, ки ин ҳам дар навбати худ вақтро сарфа месозад.

Кутоҳсозии давомнокии пухту паз аз талафоти зиёди моддаҳои фоиданоки ғизо пешгирӣ мекунад. Тарзи анъанавии пухту паз то 40% витамину минералҳоро талаф медиҳад. Талафоти витамини С метавонад то 70% бирасад. Сабзавоте, ки тариқи обпаз пухта мешавад, ҳамагӣ то 36% витамини А-ро ҳифз мекунад, аммо тариқи буғпаз бошад – то 62%-ро ҳифз мекунад. Витаминҳои гуруҳи В низ ба ҳангоми обпаз талаф мешаванд.

Обпаз ва ё буғпаз. Давомнокии пухту пази сабзавот

Шумо ҳам қаноат ҳосил кунед, ки кадом усул вақтро сарфа мекунад.

Бо мо хуш бигзаронед:

Ҳаррӯза сабзавот дар ошхонаи шумо

, , , ,