• nutrients

Витамини қадрношудаи С

фоиданок

Витамини С – ин хосияти таркибест, ки солҳои зиёде дар тамоми ҷаҳон барои тибб истифода мебаранд. Вай барои фаъолияти муътадили организм аҳамияти зиёд дорад ва дар равандҳои зиёде саҳим аст. Ба ҷуз ин, витамини С-ро барои истеҳсоли ороишоти занон ба кор мебаранд – ин витамин антиоксиданти қавӣ аст, вай алайҳи радикалҳои озод, ки раванди пиршавиро метезонанд, мубориза мебарад.

Витамини С – машҳуртарин витамин барои тақвияти масуният аст ва ҳамчун дору барои сармохӯрдагӣ кор бурда мешавад. Аз ин рӯ, будани ин витамин тирамоҳу зимистон дар дорухалта муҳим аст. Истифодаи мудовими ин витамин хатари мубталошавӣ ба сармохӯрдагиро кам мегардонад, вай махсусан барои афроде, ки ба варзиш машғуланд ё фаъолияти ҷисмонӣ доранд, хеле зарур аст. Витамини С рагҳои хунгардро қавӣ мегардонад, ин маънои онро дорад, ки дар ҷисм пайи зарбхӯрдагӣ боқӣ намемонад. Норасоии витамини С дар организм метавонад ба заъфи девораҳои мӯрагҳо ва камхунӣ оварда расонад, зеро бидуни ин витамин қабул кардани оҳан коҳиш меёбад. Миёни сарчашмаҳои витамини С мақоми аввалро сабзавот ва анвои тутҳои серранг соҳибанд, мақоми дувумро бошад, картошка, мақоми севум – сабзавот ва меваҳои зардрангу сафедранг ва мақоми чаҳорумро ҳамаи дигар сабзавоту меваҳо ишғол мекунанд. Дар маҳсулоте, ки аз ҳайвонот ҳосил мешавад, витамини С хеле кам аст.

TJ-C

Бар он бикӯшед, ки ғизои шумо саршор аз витамини С бошад

Дар бораи сиҳатии худ маълумоти бешттаро инҷо пайдо кунед:

Парҳези сабз – парҳези солим аст
Сабзавоти зард – давои беҳтарин барои чашм ва пӯсти шумо

, , , ,