• nutrients

Намак дар ратсиони мо – муфид аст ё не?

фоиданок

Хлориди натрий дарбаргирандаи хосияти олии консервантҳо аст ва ҳамчунин таъми таъоми моро лазизтар мегардонад.

Намак сарчашмаи асосии иони натрий ба ҳисоб меравад, ки онҳо дар чандин ҷараёнҳои организми мо нақши асосиро дорад. Онҳо барои дар таносуб нигаҳ доштани фишори рагҳои хунгард
саҳм доранд, захираҳои оби организмро ба танзим медароранд ва барои фаъолияти мунтазами сестемаи асаб хеле муҳиманд. Истмеъмоли намак барои саломатии мо аҳамияти зиёд дорад. Бо вуҷуди ҳамаи ин чаро намак шуҳрати манфӣ дорад?

Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки меъёри стандартии истеъмоли намак, тибқи маъмул, аз ҳад зиёд аст. Сӯистифодаи намак метавонад мушкилии зиёд эҷод кунад ва барои саломатии мо оқибатҳои нохуб ба бор орад. Истифодаи аз ҳад зиёди ин маҳсулот метавонад ба гипертония ва ё фишори хун оварда расонад ва ба ин тартиб хатарҳои пайдошавии бемории ишемикии қалбро эҷод кунад. Истеъмоли аз ҳад зиёди намак барои ҳифзи моеъот дар организм мусоидат мекунад ва ин ҳолат дар навбати худ ба варами поҳҳо ва ҳисси вазнинӣ оварда мерасонад. Илова бар ин, назми табодули сафедаҳо ба ҳам мехӯрад.

Кам кардани истеъмоли намак ба сиҳатӣ ва тандурустии мо таъсири мусбат мерасонад. Чӣ тавр мо метавонем аз “доми намак” раҳо шавем? Қабл аз ҳама, бояд ба тадриҷ миқдори намакро дар ғизоҳоямон кам намоем. Ба ҷуз ин, бояд аз истеъмоли маҳсулоти нимамаснуие, ки бояд дар тафдон гарм кард ва консервантҳо даст кашид. Метавон ивазкунандаҳои гуногуни намакро дар ратсиони рӯзмарраи худ истифода бурд. Машҳуртарини онҳо кабудӣ ва адивияҷоте амсоли розмарин, райҳон, зира ва орегано ҳастанд.

Намак дар ратсиони мо – муфид аст ё не?

Намакро бо эҳтиёт истифода кунед, дунболи ҳифзи сиҳатии худ бошед.

Маълумоти бештар инҷост:

Инфографикаи
Сабзавот ва саломатӣ

, , , , , , ,