• nutrients

Навъҳои гуногуни қаҳва барои финҷонҳои хурду бузург

зебо

Эспрессо, капучино, латте… роҳҳои зиёди таҳияи қаҳва мавҷуд аст ва эҳтимол ҳар кадоми мо интихоби худро дорад. Яке қаҳваи қавии сиёҳро меписандад, дигаре аз таъми қаҳваи бо шир, қаймоқ, шоколад ва ё ванили лаззат мебарад. Дар бораи он ки кадом навъҳои қаҳва мавҷуд аст, маълумоти бештар пайдо кунед.

Эспрессо
Ин қадимитарин навъи қаҳва аст, ки бо Итолиё ва анъаноти пухтупазии он робитаи қавӣ дорад. Эспрессо – барои чандин навъи қаҳваҳо маҳаки асос аст. Кафи бо накҳати кремдор дар рӯйи қаҳва далели он аст, ки вай дуруст омода шудааст. Эспрессои қадимии итолиёвӣ дар финҷонҳои хурди силиндрмонанд пешкаш карда мешавад.

Эспрессо лунго
“Лунго” маънои “дароз”-ро дорад, яъне қаҳва дар фурсати тӯлонитар, нисбат ба қаҳваҳои маъмулӣ, таҳия мешавад. Вай қавӣ нест, вале таъми тезтар дорад.

Капучино
Ин нӯшобаи машҳури аз қаҳва омодашуда аз ҷониби роҳибон (монахҳо)-и ҷомапӯш кашф шудааст. Капучино – ин нӯшобаи сабук аст, ки аз ҳиссаҳои баробари эспрессо, шири гарм ва кафки ширӣ таҳия мекунанд. Дар болои капучино маъмулан коритса ва ё резаи шоколад мепошанд.

Латте
Ин ном маънои “”қаҳваи бо шир”"-ро дорад. Латтеро маъмулан дар финҷонҳои калон ва ё бузург пешкаш мекунанд. Онро бо чунин таносуб таҳия мекунанд: 1/3 эспрессо ва 2/3 шир.

Латте макиато
Латте макиато – ин қаҳваи бузург аст, ки аз се сатҳ иборат аст: поёнӣ – шир, миёна – эспрессо, болоӣ – кафки сабуки ширӣ. Латте макиаторо бо қошуқчаҳои дароз пешкаш мекунанд.

Мокко
Қаҳваи мокко – ин шакли дигари латте аст. Вай аз 1/3 ҳиссаи эспрессо, 1/3 ҳиссаи шири гарм ва 1/3 шоколади сиёҳ ва ширӣ иборат аст. Ба фарқ аз капучино ва латте, мокко кафк надорад. Одатан онро бо омехтаи қаймоқи куфта пешкаш мекунанд.

Навъҳои гуногуни қаҳва барои финҷонҳои хурду бузург

Навъи писандидаи қаҳваи худро интихоб кунед ва дар ҳалқаи дӯстонатон лаззат бибаред.

Маълумоти бештарро инҷо пайдо кунед:

Ошхонаи итолиёвӣ