• nutrients

Муштоқтарин дӯстдорони қаҳваро дар куҷо мешавад пайдо кард?

зебо

Бар хилофи боварҳои роиҷ, қаҳваи бештарро на итолиёвиҳо, на юнониҳо ва ҳатто на испониҳо менӯшидаанд. Ҷоизаи мақоми аввал дар ин сабқат насиби скандинавиҳо шудааст.

Шаҳрванди миёнаҳоли Иттифоқи Аврупо дар як сол то 5 килограмм қаҳва менӯшад. Тибқи назарсанҷиҳо, финландиҳо миёни ҳамаи миллатҳои дунё дар масъалаи нӯшидани қаҳва мақоми аввалро соҳиб шудаанд. Ҳар кадом шаҳрванди болиғи Финланд дар як сол то 12 кг қаҳва истифода мекунад. Мақоми дувумро Норвегия бо 8,85 кг соҳиб шудааст, ҳамин тавр Дания бо 8,58 кг ва Шветсия бо 8 кг пушти ҳам қарор доранд. ИМА бошад ҷои 16-умро соҳиб шудааст, зеро амрикоиҳо ҳамаи навъи қаҳвае, ки дар таркибашон миқдори хеле ками қаҳваи холисро доранд, дӯст медоранд. Ҷолиб аст, ки Бразилия, бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи қаҳва дар ҷаҳон, дар ин ҷадвал ҳатто аз ИМА пойин қарор дорад. Ҷолибтараш инҷост, ки
итолиёвиҳое, ки ба нӯшидани қаҳваи сиёҳ ном баровардаанд, аз рӯи ин раддабандӣ мақоми 10-умро сазовор шудаанд. Ҳар кадом итолиёвӣ дар як сол 5,1 кг қаҳва истеъмол
мекардааст. Онҳо аз Шветсария, Голландия, Олмон, Австрия ва Фаронса ақиб уфтодаанд.

Роҳҳои мухталифи нӯшидани қаҳва мавҷуд аст. Гоҳҳо мо қаҳваи бо кардамонро дар финҷони фарфорӣ интихоб мекунем, вале вақте шитоб дорем, аз маккиатои хушбӯйи финҷони коғазӣ ҳам даст намекашем. Тибқи маъмул, мо қаҳваро бештар дар хона ва ё коргоҳ менӯшем, вале ба қаҳвахонаҳо хеле дер сар мезанем. Ба ҳангоми интихоби қаҳва мо аз пушти муди рӯз намеравем, балки танҳо маҳсулоти босифатро интихоб мекунем.

Муштоқтарин дӯстдорони қаҳваро  дар куҷо мешавад пайдо кард?

Ин бор бишуморед, ки дар як ҳафта чанд финҷон қаҳва хоҳед нӯшид

Дар ҷустуҷӯи илҳом бош ва маълумоти бештарро инҷо бигир:

Навъҳои гуногуни қаҳва барои финҷонҳои хурду бузург

, , , , ,