• nutrients

Макарони идеолиро чӣ гуна омода кард?

лазиз

Макарони хамирӣ – барои онҳое, ки ғизоҳои итолиёвиро дӯст медоранд, интихоби олист. Аммо дар бисёри маврид макаронҳо ба далели доштани миқдори барзиёди крахмал шаклашонро тағйир медиҳанд. Дар натиҷа, ғизои шумо ҷолибияташро аз даст медиҳад ва лаззаташ ҳам коста мегардад. Тарзи дурусти таҳияи макарон лаззати ҳар ғизоеро бештар мекунад.

Омода кардани макарон хеле осон аст, агар чанд қоидаро риоя кунем. Дар зер шумо машваратҳои муфид дар бораи пухтани макаронро аз худи итолиёвиҳо пайдо мекунед.

1. Ҳамаи макаронҳо гуногун ҳастанд.

Сифати макарон аз сифати ингредиентҳо вобаста аст. Пазонидан – ин санҷиши одиест, ки ба воситаи он шумо барои худ ошкор мекунед, ки оё макаронҳо бо сифат буданд ё хайр. Агар об баъд аз ҷӯшонидани макарон ҳамоно соф боқӣ монаду худи макаронҳо шакли зебои тиллоиро ба худ бигиранд, пас мо метавонем мутмаин бошем, ки маҳсулоти босифатеро харидорӣ кардаем.

2. Об, об, об.

Бештари одамон барои пазонидани макарон зарфи хеле хурд ва миқдори хеле ками обро истифода мебаранд. Таносуб бояд дар 100 грам макарон 1 литр об бошад.

3. Намак

Оби бо намак лаззати макаронро бештар мекунад. Об ҳамин ки ба ҷӯшидан наздик омад, қабл аз андохтани макаронҳо, дар зарф намак пошед. Таносуби олӣ ин – барои 1 литр об 7 грамм намак аст.

4. Обу равған омехта намешаванд

Агар макарони шумо бо сифат бошад, пас ҳоҷати омехта кардани равған нест. Равған дар рӯи макарони шумо менишинад ва ҳангоми тановул кардан аз он мечакад.

5. Макаронҳои ҷӯшонидашударо набояд бо оби сард шуст.

Макарони пухташударо бо оби сард обгардон накунед. Бо анҷом додани ин кор шумо қабати тунуки крахмале, ки соусро дар макарон нигаҳ медорад, мешӯед.

Макарони идеолиро чӣ гуна омода кард?

Чанд қадами сода ба сӯи макарони идеалӣ.

Дастурамалҳои лазизи бештарро инҷо пайдо кунед:

Спагеттии Ситчилиёви – Пастаи итолиёви бо самак

, , , , ,