• nutrients

Макарони дастсохтро чӣ гуна метавон омода кард?

лазиз

Боварнакарданист, аммо барои омода кардани хамираи тару тоза барои шумо маводҳои маъмул лозим меоянд: орд, тухм ва каме намак.

Барои пухтани макарони барои 3 нафар аз аввал 200 гр орд ва як қошуқ намак лозим меояд. Барои омода кардани хамир ордро аз ғарбел гузаронед. Ордро ба шакли куҳ резед ва барои гузоштани тухм дар байнаш чуқурӣ омода кунед.

Ҳангоми махлут кардани хамир дар ҷойи он орд пошиданро фаромӯш накунед. Агар хамир аз ҳадди зиёд хушк шавад, каме об илова кунед ва агар хеле моеъ шуд каме орд илова кунед.

Хамири соф ва эластикиро бо сачоқ пӯшида барои 15 дақиқа мунтазир бимонед, то ки об ва тухм бештар бо орд биомезанд.

Баъдан хамирро ба қисматҳои кӯчак тақсим кунед. Каме орд пошед ва дар шакли росткунҷа ба ғафсии 0,5 сантиметр бибуред. Ба хотири дарозтар шудан ротскуҷаҳоро бо ҳам пайваст кунед.

Дар марҳилаи охирон макаронро дар шакли мувофиқтар бибуред. Ин корро метавон бо кумаки кордҳои махсуси питса ва хамира анҷом диҳед.

TJ-pasta-final

 

Барои худ ва дӯстонатон дар хона макарон ва хамира омода кунед.

Дастурамалҳои бештар инҷост:

Спагеттии Ситчилиёви – Пастаи итолиёви бо самак

, , , , , ,