• nutrients

Норасоии витамини А-ро чи гуна ҷуброн кард?

фоиданок

Витамини А барои биноӣ аҳамияти муҳим дорад. Вай ҳамчунин системаи масуниятро тақвият мебахшад ва алайҳи уфунатҳо мубориза мебарад. Витамини А масъули сиҳатии зоҳирии нохунҳо ва мӯйҳо аст. Вай дар мубориза бо радикалҳои озод - антиоксидантҳои қавии оянда - нақши муҳим дорад. Витамини А барои ташаккул ва амалкарди дурусти бофтаҳои мембран нақш дорад.

Вақте ки режими муътадили тановули ғизо риоя мешавад ва витамини А ба дурустӣ ҳазм мешавад, набояд камбуди ин навъи витамин сар занад. Се навъи витамини А мавҷуд аст, ки мо тавассути ғизо тановул мекунем. Яке аз инҳо ретинол аст, ки дар таркиби маҳсулоти аз ҳайвонҳо омодашуда ҷой дорад, дувумӣ ин бета-каротин (витамини А) аст, ки дар таркиби ғизоҳои аз растанӣ таҳияшуда мавҷуд аст ва севумӣ ин каротиноидҳои А аст, ки дар таркиби равғаниҳо мавҷуд аст.

Норасоии витамини А дар организм метавонад дар натиҷаи шуста шудани ин навъи витамин, норасоии ғизои солим (норасоии сафедаҳо ва ё равғаннокӣ) дар организм, нӯшидани машрубот, сигоркашӣ, ғизое, ки барои кӯдакон ва ё афроди солхӯрда муносиб нест, ба вуҷуд ояд.

Нишонаҳои норасоии витамини А: пусти хушк ва хашини оринҷҳову сари зонуҳо, ҳамчунин дар шонаҳову ронҳо; бадшавии биноӣ дар торикиву нимторикӣ, ҳамчунин мутобиқшавии сусти чашм дар торикӣ ва хушкии чашмон.
Манбаи витамини А – маҳсулоти аз гӯшту шир ва растаниҳо омодашуда мебошад. Миёни ҳайвонҳо манбаи витамини А дар қисмати дилу ҷигар ва гурда мавҷуд аст, ҳамчунин барзе навъҳои моҳиҳо ва тухм дар таркиби худ витамини А доранд. Аз растаниҳо бошад витамини А дар таркиби сабзӣ, шпинат, нахуди сабз, латук, зардолу, нок, олуболу ва донаи каду фаровон аст.

Vitamin-A-TJ

Ба ғизои рӯзмарраи худ витамини А-ро ворид созед ва худро бештар солим эҳсос намоед.

Маълумоти бештарро дар бораи сиҳатии худ биомӯзед:

Парҳези сабз – парҳези солим аст
Сабзавоти зард – давои беҳтарин барои чашм ва пӯсти шумо

, , , , , ,