• nutrients

Кадом витамонҳо барои организми мо зарурати аввалиндараҷа доранд?

фоиданок

Витаминҳо ва микроэлементҳо барои организми инсон аҳамияти ҳаётӣ доранд. Онҳо на танҳо дар давраи ба воя расидан ва камол ёфтан - балки барои фарди болиғ онҳо дар ҳифзи сиҳатӣ, неру ва саломатӣ аҳамияти зиёд доранд. Кадом навъи витаминҳо заруранд ва барои чӣ?

Ҳамаи мо хуб медонем, ки барои фаъолияти муътадили организми мо миқдори кофии витамин ва минерал лозим аст. Барои он ки ин моддаҳо ба организми мо дар ҳаҷми кофӣ бирасанд мо бояд тавозунро риоя кунем ва ғизои рангоранг бихурем. Аммо на ҳама медонад, ки маҳз кадом навъи элементҳо ба организми одамӣ лозиманд.

Витамини А ба таври қатъӣ барои коримуназзами организми мо муҳим аст. Вай масъули сиҳатии чашм ва ҳамчунин вазъи мӯй ва пуст аст.

Боз яке аз дигар ингредиентҳи ҷудонашавандаи сиҳатӣ – ин витаминҳои гуруҳи В аст. Табъи хуши мо аз онҳо вобаста аст. Ҳамчунин набояд аз таъсири онҳо ба системаи масуният ва асаб фаромӯша кард.

Витамини С низ аҳамияти ҳаётан муҳимро барои сиҳатии организми одам доро аст, вай – муқовимати организмро дар мубориза бо уфунатҳои мухталиф боло мебарад. Ба ҷуз ин, истеъмоли витамини С ба миқдори кофӣ хатари бемориҳои дилу рагҳои хунгардро поин мебарад.

Дар бораи витамини Е низ фаромӯш намекунем, ки ва ба мушакҳои мо таъсири барҷаста дорад. Ин антиоксиданти қавӣ аст, аз ҳамин хотир бо захира кардани мудовими он мо организми худро аз саратон ва бемории қалб ҳифз мекунем.

Дар бораи витамини К низ ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни гардиши хун нақши муҳим дорад, рушди саратонро монеъ мешавад ва барои дар организм нишастани калсий мусоидат мекунад.

Кадом витамонҳо барои организми мо зарурати  аввалиндараҷа доранд?

Ғизои рӯзмарраи худро барои сиҳатии комилатон аз витаминҳо ғанӣ гардонед