• nutrients

Забони асроромези васоили ғизохӯрӣ.

мӯдшуда

Дар як тарабхонаи хуб ва ё меҳмонии дӯсте мебояд дар хотир дошт, ки корду чанголи зарфи ғизохӯрӣ – шакли хомӯшонаи иртибот бо пешхизмат ва ё соҳибхона аст. Оё шумо шарҳи ин аломатҳоро медонед?

Тарзи дуруст гузоштани васоил, вақте мо шарбат ва ё нӯшобаи дигар менӯшем, таваққуф мекунем ва ё аз ғизохӯрӣ иктифо меварзем, ба соҳибхона паём медиҳад, ки фаразан, аллакай вақти ғундоштани дастурхон фаро расид. Корду чангол барои он истифода мешавад, ки ҳунари ошпаз ё соҳибхонаро таҳсин гуфт ва ё ин ки танқид кард.

Сарпӯши зарф набояд дар ҷои дигар гузошта шавад, васоили ғизохӯриро бошад дар дохили ғизо гузоштан қатъиян манъ аст. Корд, чумча ва ё қошуқеро, ки истифода намекунед, аз ҷояшон беҷо насозед.

Инак, чӣ хостаҳоеро мешавад тавассути корду чангол баён кард?

“Таваққуф” – васоили ғизохӯрӣ дар шакли аломати ҷамъ дар зарф гузошта мешаванд, тезии корд ба дохил равона мешавад, чанголро метавон аз зер ва ё рӯ гузошт.

“Иктифо кардам” – васоил паҳлуи ҳам дар зарф мехобанд, дастаҳояшон ба поён равона мешавад. Дар ҳеч ҳолат набояд танҳо нуги васоилро дар зарф гузошт.

“Олиҷаноб буд” – васоил дар шакли мувозӣ дар миёнаи зарф, нугҳояшон ба сӯи рост, гузошта мешавад.

“Ғизо номақбул буд” – васоил дар шакли ҷамъ, корд дар дохили дандонаҳои чангол гузошта мешавад.

“Омодаи ғизои навбатӣ” – васоил дар шакли ҷамъ: чангол дар миёнаи зарф, рӯ боло ва корд ҳам дар миёнаи зарф, ба сӯи рост равона шудааст.

Забони асроромези васоили ғизохӯрӣ.

Забони васоили ғизохӯриро дар тарабхона истифода намоед ва бовар ҳосил хоҳед кард, ки ин забон қобили муколама аст.

Аз меҳмониву шабнишинӣ ҳаловат баред ва маълумоти бештарро ин ҷо пайдо кунед:

Илҳом андар ошпазхона – маслиҳатҳо, тавсияҳо, дастурҳо, одоби муошират

, , , , , , , ,