• nutrients

Витамини В асабҳоро ором ва метаболизмро беҳ мегардонад

фоиданок

Витаминҳои гуруҳи В сатҳи ҳаёҷонро поин мебаранд, метаболизмро ба танзим медароранд, неру медиҳанд ва аз пусти мо муроқибат мекунанд. Организми мо витамини В-ро захира намекунад, аз ҳамин хотир бояд ба таври мудовим мо онро истеъмол намоем.

Витаминҳои гуруҳи В барои организм хеле муҳиманд. Онҳо ба таркиби энзимҳо шомил мешаванд ва фаъолияти онҳоро такмил медиҳанд. Аз ҳамин рӯ, витаминҳо ҳамчунин ба бофтаҳои метаболизм таъсир мерасонанд ва барои тамоми ҷараёнҳо дар бадани инсон муҳим арзёбӣ мешаванд. Витаминҳои гуруҳи В ба таври мустақим масъули фаъолияти муътадили системаи асаб ҳастанд, мутаносибан масъулияти – сиҳатии равониро бар душ доранд. Норасоии витаминҳои ин гуруҳ метавонад оқибатҳои ногуворро ба бор орад. Норасоии онҳо ба тағйирёбии рагҳои хунгард, вайроншавии системаи асаб ва болоравии сатҳи холестирин дар хун бурда мерасонад.

Шумори зиёди витаминҳои гуруҳи В дар таркиби ҷав ва палави гречка (гандумсиёҳ), сабус, гӯшт, хлеби сиёҳ, бодом, тухм, гул карам ва дигар анвои карам, пиёз, сирпиёз, брокколи, исфаноҷ, лубиё ва нахуд мавҷуд аст. Бояд ёдовар шуд, ки ба ҳангоми тановули аз ҳад зиёди шириниҳо ва дигар навъи углеводҳо ниёз ба витамини В афзоиш меёбад. Машрубот, қаҳва ва чойи сиёҳ витаминҳои гуруҳи В-ро нобуд мекунанд.

Vitamin-B-TJ

Маҳсулоти дорои сатҳи баланди витамини В-ро истеъмол намоед ва табъи худро болида бигардонед.

Дар бораи сиҳатии худ маълумоти бештарро ин ҷо пайдо намоед:

Парҳези сабз – парҳези солим аст
Сабзавоти зард – давои беҳтарин барои чашм ва пӯсти шумо

, , , ,