• nutrients

Аҳроми ғизои солим аз чӣ далолат мекунад?

фоиданок

Мутахассисон тарзи нави тановули солимро, ки бо ҳаракати фаъол пайванд дорад, пешниҳод мекунанд. Аҳроми ғизои солим чи қоида дорад? Чи чизро метавон шомили парҳези солим кард ва чи чизро на?

ФАЪОЛИЯТИ ҶИСМОНӢ
Ҳар рӯз давоми 35-40 дақиқа бояд фаъолияти ҷисмонӣ анҷом дод. Фаъолияти мудовиму муътадили ҷисмонӣ ҳамроҳ бо парҳези солим аз пайдошавии фишорбаландӣ пешгирӣ мекунад.

МАҲСУЛОТИ ДОНАГӢ
Маҳсулоти донагӣ сарчашмаи асосии энергия барои организм ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар таркиби худ витамин, минерал ва ҳамчунин клетчатка доранд, ки фаъолияти рӯдаҳоро ба танзим медароранд. Ғизои ҳаррӯзаи шумо ҳадди ақал бояд аз 5 ҳиссаи донагӣ иборат бошад.

САБЗАВОТ ВА МЕВАГӢ
Сабзавот ва мевагиро ҳадди ақал 5 маротиба дар як рӯз ҳамчун илова ба ғизои асосӣ бояд истеъмол кард. Парҳези худро мебояд бо мевагиҳо рангоранг кард – меваҳои тару тоза, яхшуда, хушкмеваҳо – ва бояд шарбатҳои табиӣ нӯшид.

ШИР ВА МАҲСУЛОТИ ШИРӢ
Шир ва маҳсулоти ширӣ – ин сарчашмаи калтсий дар парҳези шумост, ки барои шаклгирии устухонҳо ва дандонҳо аҳамияти муҳим доранд. Ҳадди ақал дар як рӯз 3-4 ҳисса шир ва ё маҳсулоти ширии амсоли йогурт, панир ва ё равғани маска истеъмол кунед.

МАҲСУЛОТИ САФЕДАДОР
Маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ, донаи лубиёӣ ва ё чормағзӣ сарчашмаи пурбаҳои сафедаҳо, моддаҳои минералӣ ва витаминҳои гуруҳи В ба ҳисоб мераванд. Мо бояд дар як рӯз ду ҳиссаи ин маҳсулотро истеъмол кунем.

ЧАРБУ
Чарбу бояд ин ғизоҳоро комил гардонад. Қисми зиёди чарбу бояд дар парҳези шумо бояд аз моҳӣ, чормағз ва равғани растанӣ пайдо шавад. Барои таф додан аз равғани зайтун ва ё равғани каноло истифода кунед.

Green_Healthy_Diet_TJ

МУТМАИН ШАВЕД, КИ МЕЪЁРИ ШАБОНАРӮЗИИ ШУМО БА ТАЛАБОТИ АҲРОМИ ҒИЗОИ СОЛИМ МУВОФИҚАТ КУНАД

Бо ин нишони лаззат бибар ва лаззат биофар:

Таоми солим ва парҳез
Парҳез – маҷмӯаи парҳезҳои беҳтарин

, , , , , ,