• nutrients

Арабика ва робуста аз ҳамдигар чӣ тафовут доранд?

зебо

Арабика - ин ҳаммаънои сифати аъло аст. Вай таъми сабуки турш дошта ва баъд аз нӯшидан накҳати шоколад эъто мекунад. Робуста бошад, таъми тез ва талх дорад, зеро дар таркибаш кофеини зиёд дорад.

Арабика – қадимитарин ва машҳуртарин навъи қаҳва аст. Тақрибан 70% ҳамаи қаҳваҳои дуён ба ин навъи қаҳва тааллуқ доранд. Арабика – ин ягона навъи қаҳваест, ки аз донаи ва мешавад беҳтарин навъи қаҳваро бидуни омехтагиҳо омода кард.

Арабика дар Эфиопия ба таври худрӯ мерӯяд ва дар Бразилиё, Колумбиё, Ҳиндустон ва ҳамчунин Яв, Суматра ва ҳавзҳои Қариб онро кишту кор мекунанд. Донаи Арабика дарозрӯ ва сабз аст. Онҳо қаҳваи нарм ва пурнакҳат тавлид мекунанд. Накҳати зарифи робуста аз он сабаб аст, ки вай дар таркибаш миқдори хеле ками кофеин, аз 1 то 1,7%-ро дорад.

Робуста миқдори бештари кофеинро дар таркиб дорад ва барои тақвияти навъҳои дигари қаҳва истифода мешавад. Ин навъи қаҳва нисбат ба арабика зудтар нашъу намо мегирад ва пухта мерасад, ҳамчунин дар шароити сахти иқлимӣ низ мерӯяд. Донаи робуста, тибқи маъмул, аз рӯи ҳаҷм хӯрдтар буда, байза шакл аст. Онҳо сабзу-зардранг буда, аз ин навъи донаҳо нӯшобаи тез тавлид карда мешавад. Робуста накҳати қавӣ дошта, миқдори зиёди кофеин (2-4,5%) дар таркиб дорад. Онро дар Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ-Марказӣ (Камерун, Уганда) ва дар Ветнам кишт мекунанд. Истеҳсоли робуста 30% ҳаҷми тамоми қаҳваҳоро ташкил медиҳад.

Арабика ва робуста аз ҳамдигар чӣ тафовут доранд?

Меҳмонони худро бо қаҳваҳои хуштаъми арабика ва робуста пазироӣ кунед.

, , , , ,