Ҳимояи чашмони шумо- ҳимояи табий дар сабавот.

фоиданок

Оё медонед, ки Шумо бо истеъмоли меваю сабзавоти дуруст метавонед чашмони худро аз нурҳои зараровари офтоб ҳимоя созед? Чӣ тавр бояд чашмои худро ҳимоя карданро донед.

Баъзе моддаҳои ғизодиҳанда чашмро боқувват мегардонанду аз нури офтоб ҳимоя мекунанд. Яке аз онҳо антиоксидант мебошад, ки радикалҳои холиро бетараф мегардонанд. Муҳимтарини онҳо витаминҳои Е, А, С ва бета- каротин (провитамин А) мебошанд; фаъолнокии онҳо аз тарафи минералҳои ба монанди руҳ,  манган, селен ва  антосиан- меваҳои сурху кабуд ва моддаҳои рангкунандаи сабзавот (бисёртар дар марминҷону черника дида мешавад) дастгирӣ карда мешаванд. Ҳимояи иловагӣ ба чашм дар шабакия ва Macula lutea (доғи зард): зеаксантин ва лютеин низ дида мешавад. Инҳо низ дорои хусусияти антиоксидант астанд ва инчунин нақши ҳимояи нури офтоб мебозад. Бадани мо зеаксантин ё лютеин истеҳсол намкунад аммо ин моддаҳо дар хўроку сабзавотҳо дида мешаванд. Мисол сабзавотҳои аз ин моддаҳо бой: сабзӣ, исфаноҷ, брокколи, ҷуворимакка, карам, ҷаъфарӣ, салат-латук ва нахўд.

, , , , , ,